arzon replenishment
Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи Тоҷикистон кист?
549

Ин ҷавони қаҳрамон, ки бо маҳорати нотакрораш тавонист Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бори дигар муаррифӣ кунад, Рустам Ятимов мебошад. Ӯ тақрибан 10 зарбаи хатарноки ба дарвоза омадаро гардонд ва тими мунтахаби Тоҷикистонро аз мағулбшавӣ эмин дошт.

Тибқи сарчашмаҳо Рустам Ятимов дар Нижний Новгород таваллуд шуда, модараш рус ва падараш зодаи Тоҷикистон будааст. Тавре ки худи дарвозабони машҳур гуфтааст, дар оилаи онҳо касе футболбоз набуд ва ба ин навъи варзиш мароқ зоҳир намекарданд. “Аммо амак ва бобоям «Спартак»-и Маскавро дастгирӣ мекарданд”- гуфтааст Ятимов.

Ӯ бори аввал дар дастаи Волга-СДЮСШОР-8 ба футбол шурӯъ кард. Соли 2016 Рустам бо "Волга", ки он вақт дар Лигаи миллии футбол бозӣ мекард, шартнома баст, вале ин даста муфлис шуд. Футболбози ҷавон ба ҷустуҷӯи имконоти дигари идомаи касби худ сар карда, ба «Динамо»-и Киров рафт, аммо аз шароит қонеъ нашуда, ин клубро тарк кард.

Искандар Ҷалилов, ки ҳамдеҳаи Ятимов будааст, ба дарвозабон занг зада гуфт, ки интизор меравад ӯро дар Истиқлоли Душанбе озмоиш кунанд ва онҳо ҳамчунин ваъда доданд, ки ба Рустам дар гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон барои баромадҳои минбаъда дар тими миллӣ кӯмак хоҳанд кард.

Ҳамин тавр Ятимов ба Душанбе омад ва ба сармураббии «Истиқлол» Муҳсин Муҳаммадиев писанд омада, бо ин даста шартномаи панҷсола баст, аммо дар ҳуҷҷатҳо мушкилот пеш омад ва дарвозабон боре ҳам ба майдон набаромада, тобистони соли 2017 бо розигии тарафайн шартномаашро қатъ намуд. Рустам дубора ба Русия баргашт ва чанд муддат онҷо монд.

Дар ибтидои соли 2018 Ятимов боз ба Истиқлол баргашта, аввал ба сифати футболбози хориҷӣ ва аз мавсими оянда баъди гирифтани шаҳрвандӣ ҳамчун футболбози маҳаллӣ сабти ном шуд.

Рустам Ятимов соли 2018 соҳиби шиносномаи Тоҷикистон шуда, ҳаққи бозӣ дар тими миллии ҷумҳуриро гирифтааст. Вай дар ҳайати мунтахаби олимпии кишвар се бозӣ кардааст.

Растам Ятимов, ки айни ҳол дарвозабони дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои Ҷоми Осиё 2023 мебошад, тавонист туби воридшавандаро боз дорад ва бо амалаш барои ворид шудани Тоҷикистонро ба давраи чор як финал ёрӣ расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД