sebiston july new
Рӯйдодҳои муҳимтарини рӯзҳои истироҳат (9-15 сентябр)
3163

9 сентябр дар мамлакат 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳим дар тамоми вазорату идораҳо, вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳо, кӯчаю маҳаллаҳо, деҳаҳо ва шаҳраку деҳот маҷлисҳои тантанавӣ, варзишӣ доир мешаванд.

Аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд. Аз ҷумла,

  • дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,
  • дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,
  • дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,
  • дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,
  • дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,
  • дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,
  • дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.

Ҳамзамон 14 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД