shoh palace
“Рӯзи ошиқон” дарди ишқро бароям ҳадя кард
3852

Ҳар сол “Рӯзи ошиқон”-ро ба хотири дӯстдухтарам дар қалбам ҷашн мегирам, зеро Худованд маҳз дар ин рӯз ӯро ба ман дод ва дар ҳамин рӯз аз ман гирифт.

Вақте дар синфи 8-ум таҳсил мекардам, бо бачаҳои аз худам калонтар нишастанро дӯст медоштам, зеро аз боби ошиқиҳояшон нақлҳои хеле аҷиб мекарданд. Ман ҳам ҳавас мекардам, ки кай ошиқ мешуда бошам, зеро мехостам ишқу муҳаббати асилро дар рагу пайванди худ эҳсос намоям.

Он вақт намедонистам, ки оқибати ишқ ранҷу азоб аст. Ёд дорам, рӯзе мисли ҳамешагӣ баъди тамом шудани дарсҳо ҳамроҳи як дӯсти мактабиам ба хона бармегаштем. Дар деҳаи мо касе ҷуръати ба рӯи духтар нигоҳ кардан надошт ва то имрӯз низ ин анъана роиҷ аст, вале он рӯз ин қолабро ишқу муҳаббат шикаст.

Ҳамон рӯз вақти баргаштан ногаҳ чашмам ба духтари зебову сарвқомате афтод ва бо як нигоҳ дил аз даст додам. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, чашмамро аз он духтари фариштарӯй канда наметавонистам.
Рӯзи дигар ба мағоза харидкунӣ рафтам ва тасодуфан бз куҷое боз ҳамон духтар пайдо шуда, маро тамоман гаранг карда монд.

Мисли одаме, ки ҳуш дар сараш нест, воаву шайдои он духтар гашта, замину замонро фаромӯш кардам ва ҳатто барои чӣ ба мағоза даромаданам а ёдам рафта, дасти холӣ ба хона баргаштам.
Ҳамон бегоҳ аз хонаи ҳамсояи девордармиёнамон баромадани он парирӯйро дида, аз писарчаи ҳамсоя кӣ буданашро пурсон шудам. ”Духтари холаам аст, Савсан ном дорад. Дар синфи 7-ум мехонад”бепарвоёна гуфт писарак.

Дар хотирам ҳаст, ки ҳамон рӯз 14-уми феврал буд ва ман бо тамоми ҳастӣ дар рӯзи ошиқон ба доми ишқи Савсани нозанин афтодам, аммо ҷуръати ба ӯ рози дил гуфтан надоштам.

Ҳамин тавр зимистон ба охир расиду баҳор шуд ва наврӯзи оламафрӯз фаро расид. Мо дар майдончаи варзишии назди мактабамон иди Наврӯзро ҷашн гирифтем. Ман дар он ҷо суруд мехондаму Савсан бошад бо чанд духтар, ки аъзои гурӯҳи рақсии мактабамон буданд, мерақсиданд.

Хулоса, дар ҳамон маҳфил бо Савсан аз наздик шинос шуда, бо ҳам аҳду паймони ишқу ошиқӣ бастем. Минбаъд ҳафтае 3-4 маротиба вомехӯрдем ва аксаран дар бораи хонадор шудан суҳбат мекардем, ҳатто барои кӯдакони ояндаамон номҳои зебо интихоб карда будем. Ҳар боре, ки вомехӯрдем, ба ӯ мегуфтам: “Савсан, туро дӯст медорам ва хушбахттарин зани ҷаҳон мекунам”.
Мутаассифона, пас аз 3 соли бо ҳам будани мо ҷаҳонро бемории COVID-19 фаро гирифт.

Дар кишварамон 2 моҳ карантин эълон шуд. Ману дӯстдоштаам низ дигар натавонистем бо ҳам вохӯрем. Вақте ки карантин ба охир расид, бо баъзе масъалаҳои оилавӣ ман чандмоҳа ба шаҳри Хуҷанд рафтам.
Пас аз бозгашт номае аз Савсан ба ман расид, ки муҳтавояш чунин буд: “Бегоҳ туро соати 17:00 дар ҷои ҳарвақта интизор мешавам”

Мани ошиқ беқаророна мунтазири соати дидор будам ва билохира рӯзи 14-уми феврал, соати 17:00 либосҳоямро иваз карда, ба ҷои вохӯриамон шитофтам. Азбаски Савсанро чанд моҳ боз надида будам, аз диданаш бениҳоят хурсанд шудам, аммо Савсан аз дидори ман ин дафъа чандон шод наменамуд. Тоқат накарда, сабаби хира будани табъашро пурсон шудам. Ӯ худро дошта натавониста, ба гиря даромад ва нигоҳашро гурезонда гуфт: “ Ман шуморо бисёр дӯст медорам, хеле мехоҳам, ки тамоми умр бо шумо бошам ва сахт оғӯшатон намоям, аммо маро бо дигар ҷавон хонадор карда истодаанд...”
Маро гӯё барқ зада бошад, бо шунидани ин хабар лолу карахт шудам. Савсан ин гапро гуфту гирякунон давида рафт.

Ҳолати онвақтаамро наметавонам бо сухан тасвир кунам. Чашмонам чизеро намедиданд, дунё дар як лаҳза дар назарам чаппаву роста шуда, пойҳоям меларзиданд.
Аз алам гиря кардам, охир падару модари дӯстдоштаам ошиқ будани моро медонистанд, пас чаро чунин корро нисбати мо раво диданд мепурсидам аз худ, вале ҳарчанд фарёд мезадам, садои дили сӯзони маро касе намешунид. Дар он лаҳзаҳо эҳсос намудам, ки дили шикаста на табиб дораду на даво.

Ҳамон ҷо пеши худ мақсад гузошта будам, ки ягон вақт саргузашти ишқи талхамро рӯйи коғаз меорам. Акнун ин озмун барои ман як имконияти хуб шуд, ки дарди диламро қисса кунам.
Рӯзи ошиқонро барои ошиқони воқеӣ муборак мегӯям, бигзор ҳама ошиқону дилдодагоно ба васли ҳамдигар бирасанд.

Меҳроншоҳ Усмонзода
Р/С

Шумо ҳам метавонед қиссаи саргузашти ошиқонаи худро ба озмуни “Достони ишқи ман” равон карда, соҳиби туҳфаҳои олиҷноб гардед. Барои иштирок дар озмун шумо бояд қисса иқатонро навишта ба сомонаи Оила.ТЧ фиристед. Шахсоне, ки қобилияти навиштан надоранд, метавонанд дар бораи ишқи худ нақл кунанд ва сабти овозашонро ба мо фиристанд. Ғолибонро туҳфаҳои хотирмон интизоранд. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 900-31-77-41

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД