Arzon march 2024
Рӯзи шаҳри Душанбе таҷлил мешавад
341

 

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахт тасдиқ шуд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1-уми марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат ҳамчун Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад ва имсол ин сана ба 20-уми апрел рост меояд.

Ҳамасола дар Рӯзи пойтахт дар боғҳои фарҳангу фароғатии чор ноҳияи шаҳр базмҳои идона ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе - «Беморхонаи сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тиби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД