formula
Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе чӣ мегузарад?
589

Барои онҳое, ки давоми ҳафта ҳамагӣ 5 рӯз кор мекунанду рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат, шояд ҳанӯз муаммо бошад ,ки ин ду рӯзро чӣ гуна гузаронанд? Бо кори хона банд шаванд, ё ба фароғат?

Мо барои шумо феҳристи чорабиниҳои рӯзҳои 3 ва 4-уми июнро омода кардем. Шинос шаведу интихоб кунед, ки ба кадомаш меравед:

 

Фестивали фарҳангии “K”

Дар ин ҷо шуморо интизор аст:

  • консерти кореягӣ;
  • намоишгоҳи ширкатҳои Корея;
  • бозиҳои анъанавии Корея;
  • таомҳои Корея.

Даромад ройгон аст.

Санна: 3 июн соати 11:00

Макон: Маҷмааи фарҳангии "Амфитеатр"

 

Форуми занон "Баҳор"

Барномаи ин чорабинӣ иборат аст аз:

  • намоишномаҳои сухангӯёни маъруф;
  • мастер-класс оид ба ороиш;
  • машқҳои фитнес;
  • бозиҳои лотереявӣ;
  • барномаи консертӣ бо DJ.

Кай: 3 июн соати 16:00

Дар куҷо: Меҳмонхонаи “Серена Душанбе”

 

Базми тобистона

Ин ҷо бошад шумо бо ин рӯйдодҳо вомехӯред:

  • барномаи консертӣ бо DJ;
  • ҳавзҳои шиноварӣ;
  • коктейл ва нӯшокиҳо;

Нарх: 100 сомонӣ

Кай: 3 июн соати 19:00

Дар куҷо: Парки обии “Делфин”

Полумарафони ҷаҳонии "One Run"

Рӯзи 4-уми июн “Лигаи Қаҳрамонон”-и Русия бо ширкати варзишгарон ва ҳаваскорони ниммарафони байналмилалии “One Run”-ро доир карданист. мешавад.

Дар пойга ҳудуди 1000 нафар ширкат хоҳанд кард. Он якбора дар чор масофа - 1, 5, 10 ё 21,1 километр баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ аз «Наврӯзгоҳ» ба нақша гирифта шудааст.

Барои ширкат кардан шумо бояд пешакӣ ин ҷо худро сабти ном кунед.

Тамошои филм 

“Сиёма мол” бошад шуморо ба тамошои филми тавлиди соли 2023 – “Бародар Супер Марио” даъват мекунад.

Филми мазкур моли Амрикову Ҷопон буда, он дар жанри филми тасвирии саргузаштӣ бо мазҳакаҳои ҷолиб омода шудааст. Қаҳрамони асосӣ Мате Госселин буда, ӯ дар ҷараёни филм бо аҷоиботи зиёд рӯбарӯ мешавад. Пас, ба тамошо равед.

Кай? 3 июн, соати 13:25

Дар куҷо? “Сиёма мол”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД