toyota motors
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мешаванд
14.05.2026
Oila.tj
75

Аз 18 то 20-уми май дар шаҳри Бишкек Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар доираи ин чорабинӣ филмҳое, ки тайи солҳои охир аз ҷониби МД “Тоҷикфилм таҳия шудаанд, дар кинотеатри «Ала-Тоо» пешкаши дӯстдорони синамо хоҳанд гардид.

Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, ин чорабинӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида, ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи синамо ва фароҳам овардани замина барои офариниши филмҳои муштарак дар оянда мусоидат менамояд.

- Рӯзҳои кинои Тоҷикистон ҳамчун пули эҷодӣ миёни ду миллат хизмат намуда, дилҳои тамошобинонро бо забони умумии синамо ба ҳам мепайвандад ва фазои дӯстӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмиро боз ҳам таҳким мебахшад. Ин ҳамоиши фарҳангӣ имконияти хубест барои муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ ва густариши муколамаи фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД