Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар дод, ки рӯзҳои наздик дар кинотеатри “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми бадеии “Хоби Сурх” баргузор мегардад.
Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, филми мазкур таҳти коргардонӣ ва нависандагии Соҳибёр Толиб бо иштироки гурӯҳи эҷодии ҳирфаӣ дар пойгоҳи “Тоҷикфилм” таҳия гардидааст.
Дар нақшҳои асосӣ ҳунармандони шинохта - Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт ва дигарон ҳунарнамоӣ намудаанд.
- Достони филм зиндагии шахсеро инъикос мекунад, ки дар даврони Истиқлол зери таъсири андешаҳои ташаккулёфтаи давраи Шӯравӣ қарор дорад. Филм бо саҳнаҳои пурмазмуну таъсирбахш тамошобинро ба андеша ва худшиносии иҷтимоӣ ва таърихӣ водор месозад,- меафзояд манбаъ.