orienbank akciya
"Сабади озуқаворӣ"-и Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон
197

Имрӯза давраи аввали кӯмакҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо бастаи "Сабади озуқаворӣ" ба қишри ниёзманди кишвар аз ҷониби тақдим гардид.

photo_2024-03-20_11-44-28

Ин сабад дорои як халта орд, бирин, шакар, равған, лубиё, чой, макарон ва дигар анвоӣ ғизоӣ мебошад.

photo_2024-03-20_11-44-28 (2)

Дар расми кушодашавии тақсими "Сабадҳои озуқаворӣ"  Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндагони Маркази  Малик Шоҳ Салон, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва қабулкунандагони кумак ширкат доштанд.  

photo_2024-03-16_16-14-11

Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маъракаро расман эълон карда, ҳозиринро ба моҳи Рамазон табрик намуданд.

Ҳамчунин  қайд карда шуд, ки дар миёни зиёда аз 20 давлате, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун ба роҳ мондааст, Тоҷикистон дар радабандии аввал қарор дорад. 

photo_2024-03-20_11-44-25

Ин сеюмин маърака зери унвони "Сабади озуқаворӣ" ба мардуми Тоҷикистон расонида мешавад, ки тақрибан 69 килограм вазн дошта, беш аз 7 000 ро ташкил дода, ба 45 500 ниёзманд тақсим карда мешавад, ки маблағи умумии он беш аз 400 000 долларро ташкил медиҳад.

photo_2024-03-20_11-44-26 (2)

Кумакҳои ниёзи аввали мардум аз ҷониби Марказӣ Малик Салон оид ба имдод ва кӯмакҳои башардӯстона омода ва пешниҳод кардааст.

Ин кӯмакҳо ба чор минтақаи кишвар- шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ равона шудааст.

photo_2024-03-20_11-44-26 (3)

Ҳамасола аз ҷониби Марказӣ Малик Салон оид ба имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба қишри ниёзманди кишвар расонида мешавад, ки аз маҳсулоти баланд сифат иборат мебошад. 

photo_2024-03-20_11-44-26

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД