35 years of independency
Садамаи маргбор дар Ҳисор: модари ҷавон бо ду фарзандаш ба ҳалокат расид
07.10.2026
Oila.tj
157

Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода се нафар - як модари 29-сола ва ду фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, садама рӯзи 5-уми октябр дар ҳудуди деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор рух додааст. Гуфта мешавад, ки ронандаи 39-солаи автомашинаи «Kia K5», сокини Ҳисор ҳангоми ҳаракат занеро ҳамроҳи ду фарзандаш, ки аз гузаргоҳи пиёдагард мегузаштанд, пахш кардааст. Дар натиҷа, Шукрона Табароваи 29-сола, инчунин фарзандонаш Абдураҳмони 7-сола ва Ойшаи 1-сола, сокинони шаҳри Душанбе ҷони худро аз даст додаанд.

Мақомот мегӯянд, ки таҳқиқи сабабу ҳолатҳои садама идома дорад. Дар бораи мавқеи ронанда ва наздикони ҳалокшудагон то ҳол иттилои бештар нашр нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД