goodwell
Сағера ба ҷое мерасаду сағерапарвар не!
07.09.2026
Oila.tj
55

Ман ҳамагӣ 19 сол доштам, ки ба хонаи шавҳарам қадам гузоштам. Аммо зиндагии ман аз ҳамон рӯз ба зиндагии як зани одӣ монанд набуд. Шавҳарам ду бародару як хоҳари ятим дошт ва парастории онҳо низ ба дӯши оилаи мо афтода буд.

Бо маслиҳати модарам қарор додам, ки ятимонро ҳамчун фарзандони худ нигоҳубин кунам. Худам кам мехӯрдам, вале кӯшиш мекардам онҳо гурусна намонанд. Агар барои худ либос харидан лозим мешуд, аввал ба онҳо фикр мекардам. Намехостам ятим буданашонро эҳсос кунанд.

Солҳо ҳамин тавр гузаштанд. Бародарони шавҳарам мактабро хатм карда, бо кӯмаки мо ба донишгоҳ дохил шуданд ва соҳиби маълумоти олӣ гаштанд. Хоҳаршӯямро низ ба шавҳар додем. Ман бошам, ҳамзамон чор фарзанди худро низ тарбия мекардам.

Шавҳарам барои таъмини зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Мо аллакай оилаи калон будем ва зиндагӣ рӯз то рӯз вазнинтар мешуд. Аммо ман ба умеди он ки бародарони шавҳарам моро дастгирӣ мекунанд, зиндагиро идома медодам.

Чор моҳ аз рафтани шавҳарам нагузашта буд, ки як рӯз ҳевари калониям маро аз даст кашолакунон то дарвоза овард. Бо суханони сахт гуфт, ки барои ману фарзандонам нону ош надорад ва ман бояд хонаашро тарк кунам.

Бо чор фарзанд, чашмони пур аз ашк ва дили пур аз алам ба хонаи падарам баргаштам. Шавҳарам аз Русия занг зада, маро тасаллӣ медиҳад ва мегӯяд, ки ғам нахӯрам. Аммо ман наметавонам суханони додаршӯямро фаромӯш кунам.

Ман даҳ сол онҳоро мисли фарзандони худ парвариш кардам. Магар барои ҳамин буд, ки вақте калон шуданд, маро бо чор кӯдакам аз дар берун кунанд?

Ҳоло танҳо як савол маро ором намегузорад: вақте шавҳарам сиҳату саломат аз Русия баргардад, бародараш чӣ гуна ба чашмони ӯ нигоҳ мекунад? Ман барои ӯ бегона набудам, балки солҳо барои бародару хоҳараш модарвор заҳмат кашида будам.

ОМИНА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД