Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дирӯз, 12-уми март дар Маркази фарҳангии шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони диаспораҳо ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии шимолу ғарбии Федератсияи Русия вохӯрӣ намудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия баррасӣ гардидаанд. Таъкид шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд фаъолияти меҳнатии худро дар давлати иқомат дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монанд.
Аз роҳбарони диаспораҳо даъват ба амал оварда шудааст, ки ба раванди мутобиқшавии шаҳрвандон ба тағйиру иловаҳои қонунгузории Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, кумаки ҳуқуқӣ расонанд.