arzon replenishment
Сафорати Арабистон ба ятимони тоҷик кӯмаки молӣ расонд
1007

Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ятимони Литсейи касбии техникии шаҳри Душанбе кӯмак намуд, ки он аз сару либос ва маводи ғизоӣ иборат мебошад.

нннн
Тавре аз дафтари матбуотии Сафорати шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар додаанд, ба 33 нафар ятимони Мактаб-Интернати “Литсейи касбии техникии махсус”-и шаҳри Душанбе кӯмаки моддӣ, иборат аз сару либоси зимистона ва маводи ғизоӣ тақдим намудаанд.

photo_2022-02-01_17-46-06
“Сафорати Арабистони Саудӣ ба ин қишри азизу муҳбуби ҷомеаи бародари тоҷик таваҷҷуҳу ғамхории махсус равона намуда, ҷиҳати баланд бардоштани қобилиятнокии онҳо талош меварзад, то дар раванди рушди кишвар, ки зери сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад, саҳмгузор бошанд—омадааст дар хабари дафтари матбуотии сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон. .

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД