Сафорати Тоҷикистон дар Русия куштори Қобилҷони 10-соларо зери назорат гирифтааст
428

Сафорати Тоҷикистон дар Русия куштори бераҳмонаи писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиевро дар як мактаби вилояти Маскав таҳти назорати қатъӣ гирифтааст.

Дар робита бо ин ҳодисаи ваҳшатбор ва ҷигарсӯз имрӯз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошти расмӣ фиристодааст.

Хотиррасон мекунем, ки навраси 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дирӯз, 16-уми декабр дар мактаби Успенскийи шаҳракаи Горкий 2-и Оденсовои Маскав аз дасти як хонандаи синфи 9 Тимофей кушта шуд. Марҳум шаҳрванди Тоҷикистон буда, падар надоштааст. Модараш дар мактабе, ки Қобилҷонро Тимофей ваҳшиёна кордборон карда кушт, фаррош шуда кор мекардааст ва ду писарашро тани танҳо ба воя мерасонидааст. Қобилҷон ва бародараш дар як синф мехондаанд, вале маълум нест, ки онҳо дугоник буданд ё не.

Кушта шудани ин кӯдаки тоҷик аз дасти як навраси 15-солаи рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД