arzon replenishment
Саг 16 касро дар Кӯлоб газиду...
884


Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб як саг якбора 16 касро газидааст. Феълан 14 нафари онҳо дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва боқимонда дар Беморхонаи бисёрсоҳавии вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи Абдулмаҷид Ҳақназаров бистарӣ мебошанд.

Як манбаъ аз Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии шаҳри Кӯлоб ба Pressa.tj гуфтааст, ҳоло маълум нест, ки саг соҳиб дорад ё не.
“Девона будани саг ҳанӯз номаълум аст. Саг нест шудааст, вале сари саг ба Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ супорида шудааст, то маълум кунанд, ки девона аст ё не. Тамоми шароит барои табобати сокинони захмишуда фароҳам аст. Онҳо зери назорати табибон ҳастанд. Аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои харидории доруворӣ (имунаглабулин) маблағ ҷудо шудааст”,- менависад манбаъ аз қавли масъулин.

Мутаассифона, дар миёни сокинони зарардида аз саг кӯдакон ҳам ҳастанд. Ҳоло сиҳатии онҳо зери назорати табибон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД