formula
Саидҷонро ба ҷанги Украина бурданд?
1033


Як зани тоҷик, ки дар Русия ба сар мебарад, видеои кӯтоҳи лаҳзаи гусели падари фарзандонаш ба саффи артиши Русияро нашр кардааст.

Дар сабт дида мешавад, ки як ҷавони тоҷики хушсурат ҳамроҳи даъватшудаҳои дигар дар дохили автобус нишастааст ва ҳамсараш, ки чеҳрааш наменамояд, дар берун истодааст ва аз паси шишаи тирезаи автобус бо ӯ худоҳофизӣ мекунад. Зан ин ҷавонро Саидҷон ном мебарад ва ба сӯяш аз берун чунин хитоб мекунад: “Саидҷон! Худо бигӯ! Такя ба Худо бикун! Худо нигаҳбонат бошад! Худованд худаш раҳм кунад!”

Саидҷон аз даруни автобус мехоҳад худро дар чашми наздиконаш шоду ба зоҳир бепарво нишон бидиҳад ва ханда дар лаб бо онҳо худоҳофизӣ мекунаду ҳангоми дуогӯии ҳамсараш даст ба рӯ мекашад ва бо ангуштонаш рамзи дилро кашида, ба ҳамсараш нишон медиҳад.

Дар анҷоми видео ӯ аз ҳамсараш мехоҳад ки камераи телефонашро пеш биорад, то ӯ бо фарзандонашон бори дигар худоҳофизӣ кунад.. Дар ин бора бомдод хабар дода, мегӯяд, ин видео дар Красноярски Русия сабт шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД