Arzon march 2024
Санаи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон шуд
936


Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки рӯзи Иди Қурбонро муайян кунад.
Дар ҷаласаи Шӯро раиси он Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор доштанд, ки тибқи маълумоти илмӣ ва бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Қурбон ба рӯзи 9 июл дар ҷумҳурӣ рост меояд.

Ӯ аъзои Шӯроро бо фарорасии Иди Қурбон, ки 10-уми моҳи зулҳиҷ таҷлил мешавад, табрик гуфт.
Дар робита ба ин Шӯрои уламо тасмим гирифт, ки Иди Қурбон дар саросари Тоҷикистон рӯзи 9 июл таҷлил шавад: намози ид дар тамоми масоҷиди кишвар соати 6:00 оғоз мешавад.

Моҳи ҳаҷҷи Зулҳиҷҷа аз 30 июни соли ҷорӣ оғоз шуд. Ҳаҷ аз 7-уми зулҳиҷҷ (6-уми июл) оғоз шуда, 11-уми моҳ (10-уми июл) ба анҷом мерасад. Рӯзи Арафо ба рӯзи 9-уми зулҳиҷҷ (8 июл) рост меояд.

Тибқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар рӯзи истироҳати расмӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи кории оянда низ рӯзи ғайрикорӣ хоҳад буд.
Инак, агар Иди Курбон ба рузи шанбе рост ояд, маълум мешавад, ки рузхои 9, 10 ва 11 июл дар тамоми минтақаҳоиҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳатӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД