arzon replenishment
Санги кабуд сулфакабутакро шифо мебахшад?
26.01.2024
Махина
2102
Санги кабуд сулфакабутакро  шифо мебахшад?

Мазори Карсанг, ки бо номи Санги кабуд маъруф мебошад, яке аз мавзеъҳоест, ки одамон барои аз бемории сулфакабутак шифо ёфтани фарзандонашон ба онҷо мераванд.

Ин санг дар деҳаи Чангоби ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст.

Бино ба ривоятҳои мардумӣ гӯё ин санг духтарест, ки ба хотири аз таҷовузи душман халос шудан, аз Худо талаб кардааст, ки ӯро санг гардонад. Дар баъзе сарчашмаҳо низ ин нуқта дарҷ шудааст, ки гӯё ин санг духтараст, ки бо дуои хоҳараш ба санг табдил ёфтааст.

Санги Чангоб, ки маъруф бо номи санги кабуд аст, гӯё хусусияти шифобахшӣ дорад. Сокинони ин минтақа дар суҳбати бидуни сабт гуфтанд, ки чандин пайвандон, аз ҷумла фарзандонашон, ки аз сулаи кабуд азият мекашиданд, баъди ба ин ҷой овардан шифо ёфтанд.

Ҳамсуҳбати мо, ки соҳиби даҳ фарзанд мебошад, 75 сол дошта, 54-сол қабл ба ин деҳа кӯчидааст. Тибқи ривоятҳое, ки ӯ аз падару бобоҳояш шунидааст, ин санг ба эҳтимоли зиёд таърихи садсола дорад. Шумораи чунин сангҳо дар гирду атрофи ин деҳа ҳафт адад мебошад ва ҳар якеро барои бемории муайяне тавоф мекунанд.

Гулизор, ки нахост назди дурбин суҳбат кунад, модари ду фарзанд аст. Чанд моҳ қабл духтурон баъд аз муоинаи духтараш ба ӯ ташхиси сулфаи кабуд гузоштанд ва ба табобат фаро гирифтанд. Ӯ қайд кард, ки муолиҷаи пай дар пай натиҷаи дилхоҳ надод ва бо тавсияи яке аз дӯстонаш ба ин мавзеъ омад.

Алиев Маҳмудҷон, мудири шуъбаи бемориҳои сироятии кудаконаи МСШ №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе ин андешаҳоро хурофотӣ номида, ба дарозо кашидани марҳилаи табобатро бар зарари шахси бемор маънидод мекунад.

Эътиқоди мардум ба зиёратгоҳҳо ё қадамҷои шахсони муътабари дин дар ҷомеаи суннатӣ мартабаи баланд дорад. Онҳо дар баробари дуохонӣ, аз чунин мавзеъҳо шифо металабанд, фарзандор набошанд, барои фарзандор шудан дуо мегиранд. Аммо аксари олимони дин ин амалҳоро хурофотӣ меҳисобанд ва рафтану аз чунин ҷойҳо шифо ё фарзанд талаб карданро ширк медонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД