formula
САНКТ-ПЕТЕРБУРГ: ТОҶИКБАЧАРО ПОЕЗД ЗАД, АММО...
3287

 

Ҳодисае, ки дирӯз дар шаҳри Санкт-Петербург рӯй дод, ҳамаро ба ҳайрат овардааст. Як ҷавони 16-солаи тоҷикро дар ин шаҳри бостонӣ поезд зер кард, аммо хушбахтона тоҷикбача зинда мондааст.

Тавре ки хадамоти матбуоти департаменти нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия хабар додааст, ин ҳодисаи нохуш бегоҳии рӯзи 16-сентябр дар деҳаи Лахта рӯх додааст.

Ба гуфти ин мабаъд ҷавони 16-сола дар гушҳояш гушмонакҳо бо мусиқии баланд дар роҳи оҳан қадам зада, садои наздик шудани қатораро тамоман нашунидааст. Ҳамин тавр беаҳамиятии худи ҷавон боиси сар задани садамаи даҳшатовар гашта, тоҷикбачаро поезд мезанад.

Ҳарчанд қатораро зуд нигоҳ дошта бошанд ҳам, ҷавон ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Айни замон ин бачаи санъатдӯст, ки қариб буд, аз рӯйи гӯшмонак ва суруд бо зиндагӣ абадан хайрухуш намояд, дар беморхона бистарӣ буда, тафтишоти ин қазия идома дорад.

Зинда мондани ин ҷавон худ як мӯъҷиза аст, зеро маъмулан касоне, ки зери поезд мемонад, пора-пора гашта, дар як они воҳид ба коми нобудӣ мераванд...

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД