Arzon march 2024
Сармуҳандис чаро ин корҳоро накардааст?
270

Чанде қабл дар қитъаи обтаъминкунии шаҳри Панҷакент бо сабаби риоя накардани техникаи бехатарӣ 7 нафар корманд фавтид. Ин дар ҳолест, ки ҷойи кори кормандон дар сатҳи зарурӣ омода ва бехатар набуда, мебоист аз тарафи сармуҳандис бехатарии ҷойи кор таъмин карда мешуд ва сипас кормандонро ба кор иҷозат медод. Ин нукта имрӯз, 26 июл, зимни нашасти хабарии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” садо дод.

Абдулазиз Достизода, муовини якуми директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ин ҳодисаро чунин тафсир кард:

"Сардори корхона баъд аз соати 17:00, яъне пас аз соати корӣ, супориш медиҳад, ки “обратний клапан”-и яке аз сиситемаҳои насосӣ таъмир ва аз нав карда шавад. Пеш аз оне, ки дастурамали ҷойи кори кормандон аз ҷониби сармуҳандис пешниҳод гардад ва бехатарии он таъмин бошад, сад афсус ин корҳо иҷро нашудааст. Яку якбора чор нафар корманд ба чуқурии 6 метр, ки дар ҷо насос ҷойгир буд, медароянд ва корро сар мекунанд. Дар натиҷаи кушодани қубурҳо гази метан пайдо мешавад. Дар давоми 40 сония ин чор нафар мефавтанд ва барои ёрӣ расонидан дигар кормандон ва дар охир худи роҳбар меравад, ки дар натиҷа 7 нафар аз сабаби риоя накардани техникаи бехатарӣ ба ҳалокат мерасанд. Аз саросемагии кор ҳатто кормандон 4 ниқоби зиддигазиеро, ки дар наздашон будааст, истифода набурдаанд", - гуфт мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми майи соли ҷорӣ ҳодисаи мазкур рух дод. Дар миёни фавтидагон роҳбари КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент” низ буд. Исломзода Баҳром Ҳасан, соли таваллудаш 08.01.1996, зодаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки сарварии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент”-ро бар уҳда дошт, ҳамроҳи кормандонаш дар ҷойи ҳодиса буд. Ҷасади ӯро ба зодгоҳаш, ноҳияи Данғара, бурданд. 

Ҳамроҳ бо раису ҷонишин, падару писар Мустафоев Ризо, соли таваллудаш 1958, Мустафоев Ғайрат, соли таваллудаш 1984, сокинони кӯчаи Навобод ва бародарон Самадов Ҳамроқул, соли таваллудаш 1997, Самадов Саидҷон, соли таваллудаш 1996, сокинони кӯчаи Алишер Навоии шаҳр низ будаанд.

Ҳамроқул Самадов 2 фарзанд дошта, Саидҷонро номзад карда буданд ва бояд ба наздикӣ оиладор мешуд. Фавтидагони дигар Маҳмудов Дилшод (с. т. 1980) ва Назиров Ҷамолиддин (с. т. 1992) буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД