Arzon march 2024
Сармуҳаррири "Омӯзгор" боз нав шуд
340

Эҳсон Сафарзода, ё Эҳсони Хушбахт, собиқ сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар, дар асоси фармони Вазири маориф ва илм сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” таъин гардид.

Як корманди ҳафтаномаи мазкур, зимни суҳбат бо Oila.tj ин тағйиротро тасдиқ карда, гуфт, воқеан, сармуҳаррири пешин аллакай ба кори нав гузашт.

“Муаррифии сармуҳаррирони нав баъди нисфирӯзии имрӯз бо иштироки Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм, баргузор шуд”,- гуфт ӯ зимни суҳбат бо Oila.tj.

Ба баёни манбаи мо, Дилафрӯз Қурбонӣ ба ҷойи Эҳсон Сафарзода сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” таъин гардид.

Бояд гуфт, ки дар нашрияҳои тобеи Вазорати маориф ва илм моҳи январи имсол тағйироти калон сурат гирифта буд ва он замон Қурбонзода Дилафрӯз ба ҷойи Ноилшо Нуралиев иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” таъин шуда буд.

Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, ҳафтаи охир дар сохторҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Матбааи вазорат, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД