sebiston july new
Сарнавишти кӯдакони фурӯхташуда
1512


Бовар кардан душвор аст, аммо ин ҳодиса дар ҳақиқат дар штати Чикагои Амрико рӯх додааст .

Зану шавҳар Рей ва Люсил Чалифуксҳо чор фарзанди хурдсоли худро ба фурӯш гузоштанд. Ҳангоме,ки Рей фарзанди панҷумашро дар батн дошт, шавҳараш Люсилро аз кор озод карданд. Чанд моҳ зану шавҳари камбизоат дар хонаи иҷора зиста, азоби бисёр кашиданд. Соҳибони хона таҳдид мекарданд,ки пули иҷораро диҳанд ё хонаро холӣ кунанд. Рей ва Люсил ба ҳолати ногувор афтида, билохира қарор доданд,ки фарзандонашонро мерӯшанд. Шояд онҳо фикр мекарданд, ки ин барои фарзандонашон як имконияти хуб барои зиндагии беҳтар аст.
Чор кӯдаки дӯстрӯяк табассумкунон дар назди зинапояҳои хона нишаста, якдигарро ба оғӯш мегирифтанд. Дар наздашон як лавҳа овезон ва дар он бо ҳарфҳои калон “Кӯдакони фурӯшӣ” навишта буд. Лана шаш, Анна панҷ, Милтон чор ва Сю Эллен ҳамагӣ ду сол доштанд.
Бисёри одамон ин лавҳаи даҳшатборро дида дилашон месӯхт ва ба ин оилаи ниёзманд кӯмак мекарданд, яке кӯмаки молиявӣ мекард, дигарӣ ҷои кор ва манзили зист меҷӯст. Аммо, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда зану шавҳар кӯдаконашонро фурӯхтанд. Рей ҳатто фарзанди дар батн будаашро ҳам ба фурӯш гузошт...

Пас аз даҳсолаҳо рӯзноманигорон кӯшиш карданд, ки ин кӯдакони фурӯхташударо ёфта фаҳманд, ки сарнавишти онҳо чӣ шуд. Маълум шуд, ки ҳама кӯдакон зинда буда, онҳо бо ҳамдигар рафту омад мекунанд...
Анна ва Милтонро бо нархи “ду доллар” як оилаи деҳқон харида буданд. Дар асл ин зану шавҳар Аннаро хариданӣ буданд, вале Милтон дасти хоҳарашро дошта, гиря мекард, онҳо маҷбур шуданд Милтонро низ харидорӣ кунанд.

Номи кӯдаконро иваз карда, ба онҳо Беверли ва Кеннет ном гузоштанд. Зиндагии анна ва Милтон дар ин оила чандон хуб набуд, дар як анбор мезистанд ва рӯзи дароз дар саҳро кор мекарданд, бар замми ин, онҳоро ҳамеша латукӯб ва таҳқир мекарданд.
Ба гуфти Милтон дар рӯзи аввал “падараш” кӯдаки бечораро дар дарахт баста, латукӯб карда гуфтааст, ки ӯро ҳамчун ғулом истифода хоҳад бурд. Милтон чӣ маъно доштани калимаи ғуломро намедонист, вале аз тарси аз даст додани хоҳараш ба ин зиндагии даҳшатбор розӣ шуд, аммо баъди ба воя расидан ба лату кӯби падараш тоб наоварда бо вай даст ба гиребон шуд. Инро дида падари угай ба пулис муроҷиат кард.Пулисон Милтонро дастгир карда ҳабс намуданд, баъдан маҳбасро бо беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ иваз карданд. Милтон аз беморхона гурехта ба ҷустуҷӯи модари аслиаш баромад. Маълум шуд, ки баъди фурӯши кӯдакон Рей аз шавҳараш Люсил ҷудо шуда, дубора оиладор шудааст ва соҳиби чор фарзанди дигар аст.
Милтон як моҳ бо модараш зиндагӣ кард, аммо ягон зарра пушаймонии ӯро эҳсос намекард. Акнун Милтон барои ин зан тамоман бегона гашта буд ва заррае ба ӯ меҳру муҳаббат надошт, аз ҳамин сабаб манзили модарашро тарк намуд.
Аннаро дар синни 17-солагиаш роҳзанон рабуда таҷовуз карданд. Ҳомиладор буданашро фаҳмида, духтари бечора ба Мичиган, ба паноҳгоҳи занҳои танҳо раҳсипор гашт.
Анна дар Мичиган духтар таваллуд кард, аммо кӯдакашро ба ӯ надода, маҷбур карданд,ки ба назди падару модари ӯгаяш баргардад.


Ҳар балое, ки аз осмон ба замин фуруд ояд, аввал ба сари одами камбағал ва бенаво мезадааст.


Анна ҳам ба монанди Милтон бо модараш як маротиба мулоқот кард, аммо аз сардрафтории модар дилхунук шуда, дигар бо ӯ во нахӯрд.
Аз чаҳор кӯдаки фурӯхташуда танҳо Бедфорд хушбахт шуду халос. Вақте ӯро ба фарзандӣ қабул карданд, ҳолаш хеле бад буд. Бедфордро хомӯшакҳои заҳролуд газида, дар баданаш захмҳои бисёре пайдо шуданд. Волидони наваш пас аз фарзандхондӣ номашро Довуд гузошта, аз паси табобати ӯ шуданд.
Довуд мегӯяд, ки ҳамаги як бор бо модари аслиам вохурдам.Модарам бидуни ҳисси пушаймонӣ ба ман гуфт:”Чашмонат хело ба чашмони падарат монанд аст.” Баъди ин суханҳо ӯ бо ман дигар ҳарф назад. Зиёд бародару хоҳаронамро ҷустуҷӯ кардам ва фаҳмидам,ки хоҳарам Лана чанд сол пеш аз бемории саратон вафот кардааст. Хоҳари дигараш Сю Эллен бошад, бемор аст ва ҳатто гап зада наметавонад. Ӯ фақат менависад, ки ҳеҷ гоҳ гуноҳи модарамонро намебахшад ва орзу дорад,ки ӯ дар оташи дӯзах бисӯзад.
Довуд ягона фарзанди фурӯхташудаи ин хонадон аст, ки дар дил нисбат ба модараш кина нагирифтааст. Ӯ бар он ақида аст, ки ҳама дар зинадагӣ хато мекунанд. “Шояд модарамон намехост,ки мо аз гуруснагӣ бимирем ва ин корро роҳи ҳали душворӣ ҳисобида, моро фурӯхтааст” мегӯяд вай.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД