Arzon march 2024
Ба марги асрорангези Ким Ҷон Хён кӣ гунаҳгор аст?
2976

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб : Ким Ҷон Хён(김종현)

Санаи таваллуд: 8-уми апрели соли 1990

Макони таваллуд: Кванҷингуи Сэул, Кореяи Ҷанубӣ

Ихтисос: муаллифи сурудҳо- сароянда, шоу-мэни радио

Санаи марг: 18-уми декабри соли 2017

Макони ёфташудаи ҷасад: яке аз апартменҳои Чондамдони Сэул

Дилам аз гиря лабрез асту бедардона механдам…

Дар Куриё сарояндаи КРОР-ро ҳанӯз аз хурдсолияш «таги чашм» мекунанд. Ҳанӯз аз синни 10- солагӣ сарояндаи КРОР дар хонаи махсусе, бо забонхати волидайнаш омӯзонида мешавад. Ӯро пас аз дарси мактабияш мошини махсуси ширкатҳои дастаи нави КРОР-ро ташкил мекарда интизор аст. Пас аз дарс кӯдакро ба толори варзиши барои обут оби бадан мебаранд. Аз он ҷо баъди ду соат ба толори рақс, баъдан дарси вокал, баъди дарси вокал ба назди муаллими забони куриёӣ ва англисӣ, баъди ин ба назди вокалист барои тамрини овоз. Баъдан ба дарси омӯхтани навохтани асбобҳои мусиқӣ ва танҳо тақрибан соатҳои 1,5- 2 шаб ба хонаи хобаш оварда мемонанд. Чуни наст, ҳаёти рӯзмарраи ҳар як ҷавони ба КРОР ворид шудаи Куриё  то синни 15 ва дери дераш 18- солагӣ. Душвор аст, ҳамин тавр не, хонандаи гиромӣ? Бале, зеро барои шоҳзодаи қалби миллионҳо занони Куриёю Ҷопон ва ҳатто мамолики Ғарб гардидан бояд аз хурдсолӣ бо ҳаёти «шоҳӣ» ошно шавӣ. Аммо афсӯс «шоҳзодаҳо»-и КРОР ҳанӯз ба сар тоҷи шоҳи наниҳода бо сабаби бардошти зарари зиёди равонӣ аз ҷониби агенства ва «медиа-шағолҳо» даст ба худкушӣ мезананд, ки яке аз онҳо Ким Ҷон Хён мебошад.

Шоҳзода аз қавми авом

Ҷон Хён низ мисли дигар ҷавонони КРОР-ӣ ҳанӯз аз хурдсолӣ ба тамрин ва бедорхобиҳо бузург шуда буд. Машқҳои пайваста, тамринҳо дар самти вокалу асбобҳои мусиқӣ ба ӯ имкон надод, ки мактабро ба итмом расонад. Ин буд, ки Ҷи Хён аз синфи 10- уми мактабро партофта худро пурра ба мусиқии поп- эстрадии Куриё «қурбон» кард.

Азбаски дар куриё нисбати сарояндаҳои соҳаи КРОР чун шоҳзода муносибат мекунанд ва барояшон дар самти хондан дар макотиби олӣ қариб ҳамаи дарҳои донишгоҳу донишкада ва академияҳо боз аст, ҳуҷҷатҳояшро бо граммотаҳои дар самти мусиқӣ ба даст овардааш гирифта, ба Донишгоҳи Ҷхонъун супорид, аммо баъдан бо «фармон»-и компанияаш ба шӯъбаи «Филм ва мюзикал»- и Донишгоҳи Мёнҷӣ шомил гардида,  ҳуҷҷати дараҷаи олии магистратураро мегирад.

 Ҳамин тариқ худфидоии Ҷон Хён дар риштаи КРОР шурӯъ мегардад.

 Сарватмандон ҳам мегирянд…

Дар Куриё маъруфтарин, бонуфӯзтарин ва сарватмандтарин одамон аввал муаллимон баъд сарояндагони риштаи КРОР мебошанд. Бинобар ин дар Куриё  аввал имтиҳони педагогӣ ва баъдан мусиқӣ аз душвортарин имтиҳонҳои донишгоҳу донишкадаҳои он маҳсуб меёбад. Доштани дониши сатҳи баланд барои муаллиму сароянда ё актёр дар Куриё кифоя нест, зеро муаллим ва ҳунарманд дар баробари доштани дониши баланд, ҳамчунин бояд қомати расо ва чеҳраи зебо дошта бошанд, дар акси ҳол аз имтиҳони даври дуюм меафтанд. Ин аст, ки аксаран ҳунармандони Куриё зебо ва қаду қомату вазнашон як хел аст. Чеҳраи зебо, қомати расо ва чашмони обии Хён Ҷун дили ҳар мухлиси КРОР-ро ба худ моил менамуд. Мардум бо дидани чашмони ҷаззобу лабханди зебои ӯ гумон мекарданд, ки хеле хушбахт аст, аммо дар асл аз бадбахтарин ҳунармандони Куриё маҳсуб меёфт.

 Чунончӣ дар боло гуфта гузаштем, ҳар қадами сароянда ва ҳунармандони ҳунармандони Куриё зери назорат аст ва бидуни иҷозаи ширкат (компания)- ҳои онҳоро сармоягузорӣ мекарда ҳатто як сухан ҳам гуфта наметавонанд, онҳо дар ихтиёри худ нестанд. Ҳатто ҳуқуқи хӯрдани чизи дилхоҳашон, пӯшидани либоси писандида ва сайру саёҳат бо дӯстон бидуни иҷозаи ширкат ғайриимкон аст. Бархеҳо ҳатто ҳуқуқи доштани дӯстдухтарро надоранд, зеро ин ба имеҷи онҳо таъсири  манфӣ расонида, метавонад теъдоди мухлисонашонро кам намояд.

 Кору тамрини зиёд ва маҳдудиятҳои беҳадду ҳудуд оқибат таъсири бадашро дар ҳаёти Хён Ҷун расонид ва дар яке аз шабҳои зебои баҳор, апрели 2013 хастаю беҳол (ба иқрори дӯстонаш он рӯз ӯ шикоят аз он кард, ки аз маҳдудиятҳои зиёд ба ҷон омадааст ва яке аз рӯзҳои зебо саҳнаро тарк хоҳад кард, зеро ин азобҳо воқеан ҳам тоқатфарсост), сари чанбараки мошин нишаст. Хастагӣ хогболудӣ ба ҳадде оварда расонид, ки Хён Ҷун натавонист мошинро идора намояд ва ба садамаи ниҳоят вазнин дучор гардида, чеҳраи зебояш, ки дар кори ӯ нақши аввалиндараҷа дошт, осеби сахт дид. Хусусан бинии ҳамвору зебояш аз шаш ҷояш шикаст ва ӯро лозим омад, ки бинияшро ҷарроҳии вазнини пластикӣ намуда, шаш моҳ дар бистари беморӣ бихобад.

Аммо барои ширкат муҳим на саломатии ӯ, балки он буд, Ки Хён Ҷун ҳамчун сарпешоҳанги гурӯҳ натавонист, дар ду консерти калони он баромад кунад, ки ин ба буҷаи ширкат зарари ҷиддӣ ворид намуд. Намояндаи ширкат ҳар рӯз духтурро ҷонбезор мекард, ки кай Хён Ҷунро ҷавоб медиҳанд, ҳарчанд духтур мефаҳмонид, ки бачаи бечора бояд камаш шаш моҳ истироҳат кунад, зеро садама ба системаи асаби ӯ зарари ҷиддӣ расонидааст. Аммо барои ширкат муҳим он буд, ки кай рӯйи докапечи Хён Ҷун кушода мешаваду ӯ дубора боз ба саҳна мебарояд. Ниҳоят рӯйи Хён Ҷунро пас аз пурра сиҳат шудан кушоданд ва ӯ дубора рӯйи саҳна баромад, аммо ин бор бо асаби тамоман хаста ва дили ноумед ба ояндаи нек.

Фаъолияти эҷодӣ

Хён Ҷун чун роҳбари дастаи SHINee дар самти КРО ҳунарнамоӣ менамуд. Дар баробари ин дар дар радиои МВС ба ҳайси ровӣ фаолият менамуд.  Хён Ҷун дар сартогсари Куриё чун беҳтарин таронанавис эътироф гардидааст. Таронаҳое, ки ӯ барои ҳунармандони Куриё навиштааст, то ҳанӯз дар сархати ХИТ-парадҳо қарор доранд.  Соли 2005  Ҷон Хён ҳамчун ҳунарманди хурд, аниқтараш чун ҳунарманд мактаббача бо гӯрӯҳи дӯстони мактабияш бо корманди ширкати  S.M. Entertainment корро шурӯъ намуда буд. 25 майи соли 2008 дебюти аввалинашро чун вокалисти гурӯҳи SHINee дар озмун- шои мусиқии  Inkigayo намуда буд. Шурӯъ аз соли  2009 дар навиштани матни сурудҳои гурӯъ шомил гардида дар як муддати кӯтоҳ сингли «Ҷуллета»- ( «Juliette») аз дуюмин мини-альбоми Romeo дар сархати хит парадаҳои синглҳои курриёӣ қарор гирифт. Ба иқрори худи Ҷон Хён манбаи илҳомаш асари машҳури «Ромео ва Ҷуллета» гардид. Ӯ ният дошт, ки дар асоси ин роман қиссаи ошиқонае нависад, ки «Ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур бахшад».


Аз чашмони писарам ашк шорид ва ба ситеза «оча, кори кардагита кардӣ! Дигар Фирдавс ном писар дорам нагӯй, чунки ман ҳеҷ гоҳ барнамегардам!»

 


Октябри 2010-уми сол Ҷун Хён шомили даҳгонаи беҳтарин айдолҳои Куриё гардид. Ва худи ҳамон сол ғолиби фестивали   «Let’s Go» дар   Саммити G-20 дар Сеуле гардид. Ин дар ҳоле буд, ки рақибони ӯ айдолҳои машҳуре мисли Сонмин (Super Junior), Сохён (Girls’ Generation) ва  Луна аз f(x) буданд.

Июни соли 2011 Ҷон Хён дар даври дуюми «Суруди безавол», ки дар он сарояндаҳо версияи эҷоднамудаи худро дар оҳанги сурудҳои машҳури пешину имрӯз иҷро менамуданд, ширкат вардида, дар он ғолиб омад. Аммо дар охирин ва даври ниҳоии озмун бо сабаби серкорӣ ва граффики зиёд доштанаш ширкат варзида натавонист, ки ин байни иштиёқмандони КРОР шӯреро ба миён овард. Ҳамагон ин кори Ҷон Хёнро ноадолатӣ аз ҷониби ширкат арзёби намуда, аз ширкати сармоягузор талаб мекарданд, ки Ҷон Хёнро корашро камтар намоянд то ин ки тавонад беҳтарин будани хешро собит созад. Аммо ҳаёҳот…

 Ӯро бо сабаби иштирок накарданаш дар даври ниҳоӣ ҳатто ба даҳгонаи беҳтарин шомил накарданд. Аммо ин ҳама рӯҳияи Ҷон Хёнро нашикаст ва ӯ эҷодиёташро идома дод.

Октябри соли 2013  Ким дебюти аввалини худро ба ҳайси композитор бо сурурди «A Gloomy Clock» барои сеюмин албоми дар студия сабт мешудаи Айю аз гурӯҳи Modern Times баровард. Суруде, ки Ҷон Хён чун дӯст ба Айю тӯҳфа намуда буд, бо хоҳиши АЙЮ ба дуэт табдил ёфт, ки онро онҳо якҷоя суруданд. Декабри ҳамон сол бошад Сон Дамби сингли «Red Candle» сароид, ки он низ моли Ҷон Хён буд.  4 феврали 2014 пас аз 4 соли «истироҳат» аз тамошобинон гурӯҳи машҳури  SM the Ballad бо аъзоёни нав дубора вориди ҷаҳони шоу- бизнеси Куриё гардиданд, ки миёни онҳо танҳо Ҷон Хён «кӯҳна» буд. Он ҳам ба хотири истеъдоди фавқуллодаи матннависӣ ва мухлисони сершумор доштанаш. Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки он сол баяд Ҷон хёнро низ аз гурӯҳ «нест» мекарданд. Аммо аз ғазаби мухлисони сершумораш тарсиданд, бинобар ноилоҷ ширкат ба ҳастии ӯ тан дод. Ҳамон сол ӯ барои айдоли машҳур Теён суруди «Breathe» эҷод намуд, аммо Теён низ мисли Айю медонист, ки ин суруд наметавонад бидуни Ҷон Хён машҳур шавад, бинобар онро низ дар шакли дуэт сароиданд.

Июли  2014-ум сол  радиои Ҷон Хёнро ба ҳайси новии барномаи « Шоми нилобӣ» даъват намуд ва Ҷон Хён дар тули се соли рови будани Ҷон Хён дар ин барнома он ба сершунавандатарин барнома дар сартосари куриё табдил ёфта буд.

Ғуруби хуршеди умри Ҷон Хён ё худ «ӯ трансгендер набуд»

Ҳамаи бадбахтиҳои Ҷон Хён аз декабри соли 2013 шурӯъ гардид. Вақте Ҷон Хён дар саҳифаи шахсияш дар сомонаи Твиттер мушкилоти назари «каҷ» доштани ҷомеаро нисбати биссексуал ва трансгендерҳо навишта дар зим муроҷиати як донишҷӯйи биссексуалро ба ӯ таҳриру баррасӣ намуд. Ин ба гурӯҳи макхсуси журналистон бо номи «медиа- шағол» дастак шуду онҳо дар навиштани мақолаҳои манфури анонимӣ ва шарҳҳои таҳқиромез ҳаёти Ҷон Хёнро ба ҷаҳаннам табдил доданд. Кулли журналистони “медиа- шағол” ӯро ба биссексуал будан гунаҳгор дониста, талаби аз кишвар хориҷ шуданашро менамуданд. Онҳо мегуфтанд, ки ба ҷойи зидди ин корҳо шудан Ҷон Хён боз ин тоифаро дастгирӣ мекунад, агар худаш биссексуал набошад, пас чаро онҳоро дастгирӣ мекунад.

Нуктаи охирини сабри Ҷон Хён мақола- шарҳи журналисти сомонаи хабарии Ilbe Storehouse зери ниқоби нетизин гардид, ки дар он гуфта мешуд, ки “Ҷон Хён агар як зарра номус дошта бошад, бояд худро бикушад, чун чунин шармандагиро то ҳол КРОР-и Куриё надида буд”. Акнун мардум ба Ҷон Хёни бечора мисли авбошу одами бад менигаристанд. Ба ӯ рӯзи хуш намедоданд. Ӯро ҳатто бо «хоҳиши худаш» аз кори ровигииш аз радио «озод» карданд. Дӯстонаш зимни суҳбат бо мо (дар сурати ифшо нашудани номашон) гуфтанд, ки ин матлаби журналиси   Ilbe Storehouse нуқтаи кулминатсионии ҳаёти Ҷон Хён гардид:

« Ба ӯ мардум бо чашми нафрат нигоҳ мекарданд, ба сӯйи худашу хонааш, мошинаш санг, помидор, тухм ҳаво медоданд. Нафрати одамон аз рӯйи як мақолаи бефакту далел нисбати дӯсти номуроди мо беандоза буд. Ӯ ҳатто қасам мехӯрд, ки тарзи ҳаёти солимро мебарад, ҳатто нисбати духтаре меҳр дорад. Аммо журналистон ҳеҷ гоҳ ин суханони ӯро наменавистанд. Фақат ҷавоберо менавистанд, ки «биссексуалҳо ҳам инсонанд. Хатои табиат аст ё худи онҳо, ки ҳамин хел шуданд, магар мо бояд барои ин онҳоро зинда ба зинда сӯзонем?» Журналистон ин сухани Ҷон Хёнро дастак намуда, бо истеҳзо менавистанд, ки чаро ӯ аз ҳуқуқи биссексуалҳо ҳимоят мекунад? Ӯ танҳо мехост, ки инсонҳо худро ба Худо баробар накунанд ва тақдири касеро ҳал накунанд. Ҷон Хён мегуфт, ки онҳоро низ Худо офаридааст ва вақте, ки онҳо бо хости офаридгор зиндагӣ доранд, магар инсон метавонад риштаи ҳаёти ин тоифаро бибурад? Гуноҳи Ҷон Хён ҳамин қадар аст! Ӯ биссексуал набуд, аммо мехост, ки инсон ваҳшӣ набошад ва некиро сармашқи худ қарор диҳад».

 Мақолаҳои пайдарпайи бӯҳтонангез, шарҳҳои таҳқиромези медиа- шағолҳо дар ниқоби «нетизин» (шарҳнависоне, ки ҷиҳатҳои манфии одамони машҳурро менависанд) билохира кори худро кард.

Декабри соли 2017 Ҷон Хёни аз ҳама ҷо мондаю ронда як апартмени Ҷондамдони Сеэулро ба иҷора гирифта, зиндагии хомӯшонаро ихтиёр намуд. Аммо касе тасаввур намекард, ки ин хомӯшии абадии ӯст. Ӯ хонаро соати 12:00-и 18- уми декабр ба иҷора гирифт. Соати 16:42 хоҳарбузургаш Содам ба «Ёрии таъҷилӣ барои наҷот додани ҳаёт» занг зада хоҳиш намуд, ки бародарашро аз худкушӣ боз доранд. Соати 18: 10 ба вақти Сэул Ҷон Хёнро дар апартмени иҷорааш беҳушу ёд дарёфта, зуд ба наздиктарин беморхона интиқол доданд. Аммо азбаски гази ангишт  тамоми шушашро сироят намуда буд, соати 18:32 дар синни 27 солагӣ вафот кард.

Баъди марги Ҷон Хён ба нишони эътироз садҳо сароянда садо баланд намуданд, ки ширкатҳои сармоягузор кори онҳоро сабуктар гардонад ва шарҳҳои нетизинҳо аз ҷониби пулис ҳамаҷониба барои дурустию нодурустӣ санҷида шавад, зеро ин аввалин марг нест, ки матлабҳои хурди медиа шағолҳо дар ниқоби нетизинҳо боиси марги ин ё он ҳунарманд мегардад.

Ба иқрори чанд тан аз сарояндагони Куриё нетизинҳо ҳамеша ҳаёти ҳунармандонро тира месозанд ва онҳоро ба махави ҷомеа табдил медиҳад. «Зиндагии мо бе ин ҳам «афсонаи даҳшатангез»  аст, онҳо бошанд, бидуни далел зиндагии моро тиратар намуда, ба марг раҳнамуд месозанд».

Охирин паймаки Ҷон Хён танҳо чунин ҷумла буд:

«Ман ботинан шикаста рехта будам. Ман натавонистам, дигар бо ранҷу азоби ботинӣ, ки маро аз дохил мисли шамъ хомӯшона сӯхта,  нобуд мекард, мубориза барам. Ман комилан тани танҳо будам. Чанд бор қасди худкушӣ  намудам, аммо ҷон бароям ширинӣ кард. Аз шумо танҳо як хоҳаш дорам, лутфан бигӯед, ки ман воқеан ҳам хеле хуб кор кардам.

« Ту воқан ҳам хеле хуб фаолият намудӣ. Ту бисёр мушкилиҳоро паси сар намудӣ. Алвидоъ»

 Фарангиси Фармон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД