Arzon march 2024
Сарояндаи ӯзбекро барои шимаш ҷазои сангин доданд
02.03.2023
Mahina
831

Овозхони ӯзбек Шаҳрзода Аҳмадоваро, кибештар бо лақаби саҳнавии Каниза машҳур аст, барои пӯшидани шими ҳамранги пӯсти бадан аз ҳуқуқи овозхонӣ маҳрум кардаанд.

Ҷонишини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ӯзбекистон Баҳодур Аҳмадов дар шаҳри ин қазия гуфтааст, Шаҳрзода Аҳмадова дар пайи пахши як навори видеоии "аз ахлоқ берун", ки ба Интернет роҳ ёфтааст, ба муддати як моҳ аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум карда шуд.
Ба гуфти Баҳодур Аҳмадов аъзоёни шӯрои бадеӣ якдилона барои бозпас гирифтани иҷозатномаи сарояндагии Шаҳрзода овоз додаанд.

Ба ин бонуи ҳунарманд огоҳии ҷиддӣ дода шудааст, агар Каниза дар тӯли як моҳ рафтори худро тағйир дода, ба қавли маъруф ба роҳи рост баргардад, метавонад дубора барои гирифтани иҷозатномаи сарояндагӣ муроҷиат кунад. Дар акси ҳол нисбаташ чораҳои ҷиддӣ андешида мешавад. “Ин ба дигар сарояндаҳо дарси хуб хоҳад шуд"-гуфтааст Баҳодур Аҳмадов.

Ба навиштаи Бомдод истифодабарандагони расонаҳои иҷтимоӣ низ дар зери видeое, ки Каниза дар як тӯй дар тан шими ҳамранги пӯст ва куртаи сафеду нимтанаи сиёҳ овозхонӣ мекунад, шарҳҳои манфӣ навишта, овозхонро ба урён будан айбдор карданд, вале худи Шаҳрзода ҳамаи инро тӯҳмат номида мегӯяд, ҳангоми ҳунарнамоӣдар тан шим дошт ва рангаш боиси нофаҳмии мансабдорон ва корбарони Интернет шудааст.

“Наход дар Ӯзбекистон ба ҷуз аз баҳси шалвори ман мушкили дигаре боқӣ намондааст?”-гуфтааст Шаҳрзода Аҳмадова аз ин ҳама шӯру валвала ба тан омада.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД