formula
Сарвиноз Юсуфӣ дар зодрӯзаш ба мухлисонаш чӣ “сюрприз” карданист?
746


Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати тоҷик, бонуи ширинсадову ширинадо Сарвиноз Юсуфӣ ҷашни мавлуд дорад.

Сарвиноз Юсуфӣ 25-октябри соли 1982 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, пас аз тахми мактаби миёнаи №3 -и ҳамин шаҳр ба Донишгоҳи Тиҷоратии Тоҷикистон дохил шудааст, аммо меҳри санъат ӯро маҷбур намуд, ки аз баҳри тиҷорат гузашта, рӯ ба суруду мусиқӣ орад.

Ин бонуи ҳунарманд ба қатори ситораҳои дурахшони эстрадаи тоҷик дохил шуда буд, вале як соли охир бо сабаби марги пай дар пайи модар ва бародараш ба гӯшаи хомушӣ рафт. Тавре, ки худи ин сароянда мегӯяд:

” Ҳарчанд бе падар калон шуда бошам ҳам, ман ятим буданамро ҳис намекардам, аммо баъди марги модарам қоматам шикаст, сари болоям хам гашт ва чи будани дарду алами ятимро дарк кардам.

Баъди марги модар тақдир бз як зарбаи сахти дигарро ба мо раво дид ва марги бародарам захмҳои сӯзни дили маро дубора хуншор кард...

” Хушбахтона, ин сарояндаи хушовоз ду руз қабл дар саҳифаи инстаграмаш як наворе пахш кард, ки баъд аз хомушиҳои тулонӣ аз дубора ба саҳна баргаштанаш дарак медиҳад.

Сарвиноз дар ин навор дар бораи суруди наваш хабар додааст, ки ба кудакони аскарони дар ҷанг ба ҳалокат расида, яъне шаҳидони армонӣ бахшида шудааст. Шакли пурраи ин наворро шоми имрӯз тариқи ютуб-канал дар рӯзи ҷашни зодрӯзаш Сарвинз пешкаши мухлисонаш месозад.

Мо Сарвиноз Юсуфиро аз номи аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ сидқан бо ҷашни зодрӯзаш муборакбод гуфта, аз дубора ба саҳна омаданаш хеле хурсанд ҳастем. Умедворем, ки Сарвинози нозанин бо сурудҳои дилнавзаш дар рушди санъати тоҷик саҳмӣ худро мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД