Oila 5 years
Саудӣ қатариҳоро шикаст дода, садри ҷадвалро соҳиб шуд
1134

24 октябр дар шаҳри Теҳрон миёни дастаҳои футболи «Персеполис»-и Эрон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и шаҳри Теҳрон бо иштироки 36 450 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи дастаи мизбон анҷом ёфт.

Дар ибтидои нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 7-ум, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе имкони голзаниро аз даст дод. Сенин Себай дар дақиқаи 7-ум пеналтиро дуруст иҷро намуда натавонист. Тӯбро дарвозабони дастаи «Персеполис» Алиризо Бейронванд баргардонид.

Саид Содиқӣ, ҳамлагари мизбонон, дар охири нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 44-ум тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуда, ҳисобро дар вохӯрӣ кушод. Дар дақиқаи 71-уми бозӣ Саид Содиқӣ голи дуюмашро ба нишон расонид.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:3 бар дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар зафар ёфт ва ҳоло бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст.

Дар ду бозии қаблии худ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба муқобили дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби мусовӣ — 0:0 бозӣ намуда, аз дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуда буд.

Дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон пас аз ғалаба бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифт. «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 1-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои охири гурӯҳ қарор гирифтаанд.

Вохӯриҳои боқимондаи дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе

7 ноябр | Даври 4

 «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон)

27 ноябр | Даври 5

 «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

5 декабр | Даври 6

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД