Arzon march 2024
Саудӣ барои бозигари маъруфи "ПСЖ" чӣ қадар мепардозад?
873

 

Ҳамлагари бразилиягии “ПСЖ” - Неймар фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ идома медиҳад. Ин бозигари маъруф аллакай бо тими "Ал-Ҳилол"-и Саудӣ шартнома баст. Дар ин бора инсайдери машҳури авруоӣ Фабрисио Романо хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Неймар бо бошгоҳи Арабистони Саудӣ шартномаи 2+1 ба имзо расонидааст, яъне шартнома барои ду сол бо эҳтимоли тамдиди як мавсими дигар аст.

Манбаъ гуфтааст, рӯзҳои наздик Неймар аз муоинаи тиббӣ мегузарад ва маросими муаррифии футболбоз низ то охири ҳафта дар назар аст.

Тибқи иттилои ин инсайдер ҳамлагари бразилӣ дар “Ал-Ҳилол”дар як мавсим 100 миллион евро маош мегирад. Тақрибан ҳамин маблағро бошгоҳи шаҳри Риёз барои интиқоли ҳамлагари бразилӣ ба “ПСЖ” пардохт хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Неймари 31-сола бо “ПСЖ” то моҳи июни соли 2025 шартнома бастааст. Дар мавсими гузашта ҳамлагар 29 бозӣ карда, ба задани 18 гол ва 17 партофти головар даст ёфта буд.

Қаблан, тими саудӣ омодаи харидани легионери маъруф Месси буд ва омодагӣ нишон дод, ки барояш 400 миллион доллар мепардозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД