Arzon march 2024
Се шаҳрванди ноболиғ баргардонида шуд
446

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар дод, ки се шаҳрванди ноболиғи тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд.

Ба иттилои Сафорат ин ноболиғон дар Русия бепарастор монда буданд ва бо мусоидати хадамоти консулии Сафорат ба Ватан фиристода шуданд.

Сафорат, ҳамзамон, иттилоъ додааст, ки аз аввали сол то имрӯз 9 шаҳрванди ноболиғи тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд. Онҳо айни ҳол барои баргардонидани шаҳрвандоне, ки дар боздоштгоҳҳои Русия қарор доранд талош доранд.

Дар ҳамин замина, чанд рӯз қабл бо дастури Президенти кишвар ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Сурия як гурӯҳи занон, наврасон ва тифлони хурдсол аз ин кишвари арабӣ баргардонида шуданд.

Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз тамоми мамлакатҳо, бахусус ноболиғон аз кишварҳои Ироқу Сурия ва Русия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД