Formula september
СЕЛ МЕБОРАД: АЗ 17 ТО 21-УМИ ИЮН
17.06.2022
Mahina
1124

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 17 то 21 июни соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои кисми шаркии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши борон дар мадди назар гирифта шудааст.

Борони шадид метавонад боиси омодани сел ва болоравии сатҳи оби дарёҳои кишвар гардад ва хатари лағзиши тармаву резиши санг дар минкақаҳои мазкур низ зиёд аст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз тамоми сокинон ва меҳмононе, ки дар навоҳии кӯҳистон қарор доранд, даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Сокинони манотиқи кӯҳистон бояд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар кӯҳҳо, занбӯруғ ва дигар зироатҳо, ҳамчунин чорвочаронию моҳидорӣ хеле ва хеле эҳтиёткор бошанд.
Аз волидонхоҳиш карда мешавад, ки ба фарзандони хеш диққати бештар дода, онҳоро аз назорати комили худ дур насозанд.

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳое, ки дорои шишаи сиёҳ мебошанд, даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро дар роҳҳои кӯҳистон маҳдуд созанд.Ба ҳамаи коидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунанд.

Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД