Commerce bank may-june 2026
Шаҳри қадима дар Қалъаи Муғ
71

Дар натиҷаи ҳафриёти навбатии археологӣ дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан боқимондаҳои шаҳри қадимаи мансуб ба ба асрҳои 3 пеш аз мелод - 1 мелодӣ ва дигар бозёфтҳои нодири таърихӣ ошкор гардиданд. Ковишҳо бо ибтикори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки мутахассисони соҳаи бостоншиносӣ анҷом дода шуданд.

Ба иттилои роҳбари экспедитсия, номзади илмҳои таърих Шароф Қурбонов, дар ҷараёни ҳафриёти имсола панҷ ҳуҷра, ду чоҳи партовгоҳи қадима ва ду қабати маданӣ муайян гардид. Қабати болоӣ ба асрҳои XVII-XIX мансуб буда, қабати поёнӣ ба замони антиқа тааллуқ дорад. Ба андешаи бостоншиносон, ин кашфиёт далели мавҷудияти маркази ободу пешрафтаи шаҳрнишинӣ дар ҳудуди Истаравшани имрӯза мебошад.

Ҳангоми ковишҳо инчунин деворҳои аз хишти хом сохташуда, толори дорои нишастгоҳ ва оташкада, зарфҳои гуногуни сафолӣ, косаву пиёла, ҷом, дег, хум, зарфҳои сирдор бо нақшу нигори наботӣ ва ҳандасӣ, каланд, табари оҳанӣ ва қисми пойафзоли чармӣ дарёфт гардиданд. Бархе аз зарфҳо бо нақшу нигори дастӣ ва ранги сурх оро дода шудаанд, ки аз сатҳи баланди ҳунармандии сокинони он давра шаҳодат медиҳанд.

Ба гуфтаи Шароф Қурбонов, натиҷаҳои ҳафриёти солҳои охир аҳамияти бузурги таърихии Қалъаи Муғро бори дигар тасдиқ мекунанд. Кашфи боқимондаҳои шаҳри қадима ва дигар бозёфтҳои нодир барои омӯзиши таърихи Истаравшан ва тамаддуни тоҷикон аҳамияти илмии калон дошта, метавонад саҳифаҳои нави таърихи ин сарзамини бостониро рӯшан намояд.

Бостоншиносон умедворанд, ки идомаи корҳои ҳафриёт дар Қалъаи Муғ бозёфтҳои тозаи таърихиро ошкор намуда, маълумоти бештареро дар бораи таърихи шаҳри бостонии Истаравшан ва зиндагии сокинони он дар давраҳои гуногун ба даст хоҳад дод.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД