Arzon march 2024
ШАВҲАР ХУДКУШӢ КАРДУ ФИРӮЗА БО ДУ ДУХТАРИ ЗЕБОЯШ ДАР КӮЧА МОНД!
2021
ШАВҲАР ХУДКУШӢ КАРДУ ФИРӮЗА БО ДУ ДУХТАРИ ЗЕБОЯШ ДАР КӮЧА МОНД!

Фирӯза Ҷумаева ҷавонзани 37 солаи пур аз дарду ғам аст. Ду духтари ба камол расида дошта бошад ҳам вале яке нуқи модарзодӣ дошт аз биноии чашм маҳрум асту дигаре дастнигару овора. Ин ҷавонзани паршикаста, муддати дароз аст, ки азоби дарбадарӣ мекашад.

Вақт замоне, ки шавҳараш даст ба худкушӣ заду пурра аз худро аз байн бурд, рӯзи сиёҳи Фирӯза шурӯъ шуд. Тавре худи ӯ мегӯяд: "Шавҳарам бо иғвои модараш даст ба худкушӣ зад. Он рӯз борон меборид, шавҳарам баъди як ҷанҷоли хонаводагӣ ману кӯдаконро ба хонаи хобамон гусел карду худ ба тарафи берун рафт. Лаҳзае пас чашмам ба ҳавли афтод, ки шавҳарам бензинро ба сару рӯяш пошида, худро аз байн бурданист. Давида ба берун баромада, ҳамсояҳоро ба ёрӣ хондам. Азбаски борони зиёд меборид, мо ба осонӣ оангаи оташро хомуш кардем вале шавҳарамро хонаводаашон ба беморхона набурданду то шом дар хона нигоҳубин карданд вале қарибии шом шавҳарам дигр бе гапу васият бо чашмони ашкбор ин дунёи бевафоро падруд гуфт!". Пас аз марги шавҳараш Фирӯза дигар тобу тоқати гапи сарди хушдоманро накарда, тарки хонаи эшон намуд. Дарбадари дилашро гирифт ва ӯ маҷбур шуд, ки роҳи Русияро пеш гираду кор карда, хонаву дари худашро сохта, бе миннат зиндагӣ намояд, аммо дар мулки ғурбат кор омад накард ва як рӯзи шум ҳангоми кор дар ошхона пояш дар ях лағжиду ба замин афтид ва аз ҳуш рафт. Вақте ба ҳуш омад, худро дар беморхна дарёфт. Духтурон миёни шикастаашро каме табобат карда, бинобар сабаби маблағи кофи надоштан ӯро фавран ба Тоҷикистон фиристоданд. Ӯ табобат гирифта бошад ҳам вале бори вазнин ва кори сангинро иҷро карда наметавонад. Ду духтарчааш низ азобҳои модарро дида, хун мегирянду оби дида мерезанд. Имрӯз Зиндагии талху беранг ва азоби дарбадари ва сари вақт насупоридани пули иҷора Фирӯзаро ҷонбезори ин дунё гардонидааст. Умедашро танҳо ба барномаи "Умеди охирин" баста, саргузашташро қисса кард.

НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ЗАНИ ДАРДМАНД КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМИ 907-17-71-09 ЗАНГ ЗАНАНД ВА ХАЙРИЯИ ХУДРО БА ИН РАҚАМҲОИ КОРТҲО ГУЗАРОНАНД:
ДУШАНБЕ СИТИ: 5058270369891469
ЭСХАТА КОРТИ МИЛӢ: 6374600000006807538

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД