Formula july 2024
Шавҳарам хиёнаташро бо меҳрубонӣ пинҳон мекунад, вале...
20.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1304

Салом ба хонандагони Oila.tj!

Оилаи мо дар назари атрофиён намунавӣ буда, аз чизе камбудиву танқисӣ надорем. Шавҳарам низ нисбати ман меҳрубон аст, вале пушти тамоми меҳрубониҳояш хиёнат пинҳон аст.

Шавҳарам хеле хуб медонад, ки ман аз бо занҳои дигар алоқа доштанаш хабардор ҳастам, вале тавре вонамуд мекунад, ки гӯё коре накардааст.

Вақтҳои охир аз рашки зиёд худро дарун ба дарун хӯрда истодаам, лекин хотири фарзанд сабрро пеша намудаам. Ҳис мекунам, ки косаи сабрам рӯз ба рӯз лабрез мегардад. Аз ин рӯ, ба маслиҳати шумо сахт ниёз дорам.

Ба фикри шумо ман ҳам худро ба нодонӣ зада, ба чунин зиндагӣ тоқат кунам ё ба ҳамааш нуқта гузорам?

Хонандаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД