sebiston july new
Шавҳарам зани духтар гирифтанист
08.09.2024
ЗАЙНУРА
5332

Салом! Зайнура ҳастам, як муҳоҷирзани тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия. Аз шавҳари якумам ҷудо шудам, аниқтараш ҳанӯз шавҳар накарда, номи бади бевагиро гирифтам.

Ҷавонмарди зебоеро дӯст медоштам. Вай бо сад макру ҳилла маро ба домаш афтонда, ваъда дод, ки аз сарам зару зевар мерезад. Мани сода ба ваъдаҳои осмониаш бовар карда, ба издивоҷ розигӣ додам. Дӯстдоштаам ба хонаамон хостгор фиристод. Волидонам розигӣ доданд ва бо риояи тамоми расму русум мо аз пайи оростани тӯйи арӯсиву домодӣ шудем, вале...

Рӯзи тӯй маълум шуд, ки домод як дурӯғгӯйи маккор буда, бар замми ин, зану фарзанд низ доштааст. Одамоне, ки ҳамчун падару модари домод ба хонаи мо хостгорӣ омада буданд, дар асл бо вай ягон робита надоштаанд. Пул дода, онҳоро розӣ кардааст, ки худашонро падару модари домод муаррифӣ карда, ба хонаи мо хостгорӣ биёянд.

Хулласи калом, зан ва модару хоҳаронаш рӯзи тӯй аз куҷое дарак ёфта, ба сарам омаданд ва кинои бе пул нишон дода, домодро бо худ бурданд. Ҳамин тавр, ҳанӯз ба шавҳар набаромада, мани бадбахт номи бади бевагиро гирифтам.

Ҳарчанд байни ман ва он домоди сохта ягон гап нагузашта бошад ҳам, баъди вайрон шудани тӯямон баъзе душманон овоза паҳн карданд, ки гӯё ман бо вай пешакӣ мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардаам. Тобу тоқати бардоштани чунин бадномиро накарда, ба Русия омадам ва бо ёрии холаам дар як мағоза кори хуб ёфтам. Тақрибан як сол пас бо як ҷавони зебои тоҷик, ки муҷаррад будааст, шинос шудам. Бо як нигоҳ мо ба ҳамдигар писанд омадем. Ҷавон саргузашти маро шунида гуфт, ки агар розӣ бошам, метавонад бо никоҳи мусалмонӣ маро ба занӣ бигирад. “Ман наметавонам туро ЗАГС карда, чун ҳамсари қонуниам ба хонаамон барам, чунки аздусар падару модарам асли аз ягон кас мешунаванд. Фаҳманд, ки ман бачаи ҳанӯз зан нагирифта, як зани шавҳар кардаро ба никоҳам даровардаам, қиёматро қоим мекунанд” гуфт ҷавон.

Гапаш ҷон дошт ва ман розӣ шудам, ки танҳо бо никоҳи мусулмонӣ зану шавҳар шавем.

Инак, се сол мешавад, ки ҳамчун зану шавҳар дар Русия зиндагӣ мекунем. Алакай соҳиби ду гулписар гаштаем, вале падару модари шавҳарам хабар надоранд, ки писарашон дар ин ҷо зану фарзанд дорад. Онҳо ду пояшонро ба як мӯза андохта, ҳар ҳафта занг мезананд, ки тезтар ба хона баргард, мо бароят арӯси зебое ёфтему тӯй мекунем. Ҳар гоҳ, ки сӯҳбати шавҳарамро бо падару модараш дар ин бора мешунавам, дилам хун мешавад. Дар вақташ розигӣ дода будам, ки зан гирад, вале акнун намехоҳам, ки падари фарзандонам зани дигар гирад. Метарсам, ки шавҳарам зани духтар гирифта, оҳиста-оҳиста ману фарзандонамро фаромӯш мекунаду дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мемонем.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

ЗАЙНУРА, аз шаҳри Санкт-Петербург

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД