Sebiston new 2024 october
Шокирҷони муҳоҷир: Тоҷиконро ғуломвор кор мефармоянд, вале...
1916


Ман тоҷики овора Шокирҷон, аз Федератсияи Русия. Дар Тоҷикистон зану фарзанд ва падару модари пир дорам. Азбаски волидонам беморанд, маҷбурам, ки дар Россия кор карда, барои табобаташон ҳар моҳ пул фиристам.

Пайвандонам азоб накашанд гуфта шабу рӯз меҳнат мекунам. Кори сохтмон осон нест, барои чор танга пул ҷонат ба лабат мерасад, бар замми ин, мо, тоҷиконро “кидат” ҳам мекунанд. Мо, як гурӯҳ тоҷикбачаҳо дар Барнаул дар як сохтмони азим кор мекардем. Корҳои вазнинтаринашро ба анҷом расонида, акнун ба таъмири дохили бино сар карда будем, ки корфармо барои санҷидани корамон омад ва биниашро норозиёна инҷ карда гуфт: “ «Балбесы, что это такое, вообще, вы мастера или разрушители? Мне не понравилось ваша работа, за свой счет будете делат всё заново!” Ҳайрону зор мондем, ки чӣ кор кунем, зеро маоши чандмоҳаамонро нагирифта будем ва бар замми ин, боз ин балои азим ба сарамон омад. Ба ҷуз фирор намудан чора набуд. Бо азобҳои алим худро то Сочи расонда, бо кӯмаки тоҷикбачаҳои ин ҷо дар як тарабхона ба кор даромадем. Шукри Худо, ҳоло корамон хуб аст, вале аламамон мекунад, ки моро чанд моҳ ғулом барин кор фармуданду дар охир як пули пучак ҳам надоданд.

Мақсади ман аз навиштани ин нома бечоранолӣ кардан нест, мехоҳам занону модарони тоҷик бидонанд, ки шавҳару фарзандонашон дар мулки рус пулро аз шохи дарахтон намечинанд. Барои он ки шумо гуруснаю хору зор нашавед, мо дар ин ҷо хорию зориҳои зиёдеро паси сар мекунем. Илтимос, пулҳои бо азоб кор кардаи муҳоҷиронро баҳудаю беҳуда сарф карда, азоби моро даҳчанд нагардонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД