goodwell
Шоҳмотбозони тоҷик дар Будапешт соҳиби зинаи ифтихорӣ гардиданд
27

Шоҳмотбозони тоҷик Мустафохӯҷа ва Муҳаммад Ҳусенхоҷаевҳо дар мусобиқаи байналмилалии “Budapest One Week August 2026” дар шаҳри Будапешти Маҷористон натиҷаи назаррас ба даст оварданд.

Мусобиқа рӯзҳои 8-14-уми август баргузор шуда, дар он шоҳмотбозон дар гурӯҳи устодони байналмилалӣ барои ҷойҳои ифтихорӣ рақобат карданд. Мустафохӯҷа Ҳусенхоҷаев дар 9 бозӣ 7 имтиёз ба даст оварда, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Бародараш Муҳаммад Ҳусенхоҷаев низ бо касби 7 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Ҳамин тариқ, ду ҷойи сегонаи беҳтаринро шоҳмотбозони тоҷик ишғол карданд. Ин натиҷа барои варзиши шоҳмоти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дастоварди қобили таваҷҷуҳ ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД