Arzon march 2024
Шукӯҳи Наврӯзи Хатлон
19.03.2023
ОИЛА
401


Дар Тоҷикистон баҳору Наврӯз аз куҷо оғоз мешавад? Албатта, аз Айвоҷ — мавзеи аз ҳама ҷанубтарин ва гармтарини кишвари азиз, ки дар ноҳияи Шаҳритус аст.

Аввалин шуда, дар ҳамин ҷо сабзаҳо сар аз хоби ноз боло мекунанд, муғҷаҳо ба шукуфтан медароянд, бедҳои маҷнун кокулони худро болои сари ошиқон соябон месозанд, марди деҳқон ба кишт оғоз мекунад ва тухми умед ба замин мепошад. Чун «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», дар пиндори ман ноҳияҳои ҷанубии он – Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Панҷ, Ҷайҳун, Фархор ва ҳамсояҳои онҳо хонаи Наврӯз ҳастанд. Зеро баҳору Наврӯз аз ҳамин ҷойҳо оғоз шуда, баъд ба дигар гӯшаю канори кишвар қадами муборак мезананд.
Рӯҳияи идонаи мардум 7–10 рӯз пештар аз таҷлили Наврӯз оғоз меёбад. Ин марҳила алалхусус дар деҳот ҷолиб аст, ки аз диданаш дили кас гӯё мерақсад. Одамон бо саодатмандию болидарӯҳӣ ва шодию сурур ҷӯйҳоро тоза, кӯчаю гузарҳоро рӯбучин мекунанд, навдаю шохҳои зиёдатии дарахтонро бурида, бехашонро нарм месозанд ва танаашонро бо оҳак сафед менамоянд. Дар рӯзҳои пеш аз наврӯзӣ ташвиши занону модарон ва духтарон боз ҳам бештар аст. Онҳо тамоми ҷиҳози хонаи худро берун бароварда, офтоб медиҳанд, хонаҳоро аз беруну дарун поку тоза мегардонанд, барои худашону фарзандонашон ва додаракону хоҳараконашон тоқию либосҳои нави идона медӯзанд.
Наврӯзи замони истиқлол ин ҷашни шодию сурур, саодату фараҳмандист, ҷашни дӯстию бародарӣ ва намоиши дастовардҳост. Чунин будани ин ҷашн дар ноҳияҳои ҷанубӣ, хосса дар навоҳие, ки қавму қабилаҳо ва миллатҳои гуногун бари ҳам чун бародарону хоҳарон кору зиндагӣ мекунанд, баръало эҳсос мешавад.
Ноҳияҳои Носири Хусраву Шаҳритус ва Қубодиён аз қадимулайём макони зисти одамони гуногунқавму гуногунмиллатанд. Вале 8-10 сол пеш ба ин ҷойҳо муҳоҷиршавии мардуми Бадахшон як падидаи нав гардид. Акнун дар ҷашну сур ва иду тантанаҳои халқӣ, алалхусус дар таҷлили Наврӯз садои рубоб ва дафи бадахшонӣ танинандоз мешавад, сурудҳои дилпазири мардуми бадахшонасл гӯшҳоро навозиш мекунанд, рақсҳои мавзуни онҳо дилҳоро ба ҷӯш меоранд. Тоқиҳои гулдӯзӣ, сару либоси мардуми Бадахшон бас зебоянд, шеваашон хеле дилпазир аст.
Мардуми туркман худ намедонанд, ки аз кай боз муқими водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) гаштаанд. Аммо хуб медонанд, ки онҳо як узви комилҳуқуқи ҷомеаи Тоҷикистонанд. Медонанд, ки Наврӯз барин ҷашну маросимҳои миллӣ бе намоиши хаймаҳои бобоии онҳо, бе намунаҳои гулдӯзии аҷдодиашон, бе садои домбраю чангқовуз ва сурудҳои халқиашон намегузаранд.
Ҳар гоҳи ба ҷамоати деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Қубодиён омадан аз суҳбати мардуми бафарҳангу санъатпешаи бадахшӣ ва аз дидани пешрафту дастовардҳои онҳо шод мешавам. Чун гузорам ба ҷамоатҳои деҳоти «Сайёд» ва ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус меафтад, суҳбати сокинони арабтабори меҳнатқарин ва санъатдӯсту фарҳангпарвари онҳоро шунида, афсӯс мехӯрам, ки эшон таърихи худ ва таърихи чӣ тавр муқими Тоҷикистон шуданашонро намедонанд. Дар деҳаи Лебаби ҷамоати деҳоти ба номи Гулмурод Гардиеви ноҳияи Дӯстӣ бошад, баръакс, аз шунидани суруди туркманӣ ва дар ҷамоатҳои «Панҷ» деҳоти ва «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), қишлоқи «Помир»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, чандин ҷамоатҳои деҳот ва шаҳраки ноҳияи Ёвон аз дидани рақсҳои зебою мавзун, шунидани суруду таронаҳо ва мусиқии бадахшӣ дил об медиҳам.
Суруду рақсҳои дилошӯб, либосҳои пургул ва қашангу чашмгир, шириниҳо ва ҳунари пухтупази мардуми Дарвозу Раштон, Хатлону Ҳисор, Суғду Фарғона, бародарони ӯзбек ва дигар қабилаҳои ӯзбекзабон дар аксар шаҳру деҳоти водиҳои Вахшу поёноби Кофарниҳон ҷашнҳои наврӯзиро пуртароват, хотирмон ва пуршукӯҳ мегардонанд. Аммо кадом ҷашну сур, тӯю тантана бе суруди фалак, рақси гардон, думбраю тутакнай ва чакану гулбанду қарси кӯлобӣ гузаштааст? Ҳамаи ин дар рӯзҳои тӯю сур, ҷашну маросимҳо, алалхусус дар Наврӯз ба ҳам омезиш ёфта, ба як симфонияи беҳамто табдил меёбанд ва ҷашни бошукӯҳеро бо номи Наврӯзи тоҷик барпо мекунанд.

Фируза Саттори, [18.03.2023 14:44]
Банда дар аксар деҳаҳои кӯҳистони Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод), борҳо будам ва аз таҷлили расму оинҳои аҷдодияшан, аз қабили Наврӯз хуб огоҳам. Хусусияти хоси наврӯзгузаронии мардуми ин мавзеъҳо он аст, ки эшон дар ин ҷашн ба ягон чизи сунъӣ ва ғайритабиӣ роҳ намедиҳанд. Дар ин ҷойҳо ҳама чиз ҳаққонӣ, воқеӣ ва табиӣ аст. Ягон чиз сохта ва қолабӣ нест. Ман қисми бадеии ин ҷашнҳоро дар назар дорам. Дар онҳо мутрибон, овозхонҳо ва раққосони фармоишӣ даъват намешаванд ва барои чунинҳо на маблағ харҷ мекунанду на ташвиши зиёдатӣ мекашанд. Ҳамаи инҳо аз байни худи ширкаткунандагони ҷашнвора мебароянд. Ҳунарварии бо истилоҳ «деҳотиён» чунон табиӣ, зебо, таҳидилист, ки чашму дили кас аз диданашон сер намешавад. Махсусан, рақсҳои шӯхиомез ва баҳсмабаҳси мӯйсафедону кампиракон дилро ба ваҷд меоранд. Вақте ки мӯйсафедон рақси «ларзон» мекунанду кампиракон рақси «ҷунбон» нидоҳои шодиомези аҳли маърака ба фалак мепечад, ҳама кафкӯбӣ мекунанд. Сабқати рақс ба ҷавонону духтаран мегузарад ва майдон гул мекунад…
«Ҳикмати Наврӯз бигир ҳар рӯз, покӣ зи Наврӯз омӯз шабу рӯз». Воқеан, Наврӯз ва таҷлили он ҳикматҳои зиёд ва хоси худро дорад. Он рамзӣ покию тозагист. Мардуми мо, алалхусус деҳотиён аз онҳо хуб бархӯрдоранд. Худо кунад, ки мардуми шарифамон ҳамеша дар рӯҳу ҷони худ баҳору Наврӯзро эҳсос намоянд ва Худованд ҳамаи моро боз ба Наврӯзҳои нав ба нав бирасонад. Илоҳо омин!
                                             Ҳасан Юсуфи Файзбахш,
                                             шаҳри Қӯрғонтеппа

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД