Commerc banl
Шурои уламо бори дигар ба 19-уми феврал оғоз шудани Рамазон таъкид кард
18.02.2026
Oila.tj
149

Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли тағйири рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазонро рад кард.

Дар изҳороти расмии ин ниҳод гуфта мешавад, ки бар асоси далелҳои илмӣ ва хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо, оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал рост меояд.

Ба таъкиди Шурои уламо, дар аксари кишварҳои минтақа низ моҳи шарифи Рамазон аз ҳамин рӯз оғоз мешавад.

Ниҳоди мазкур қаблан ҳам 19-уми февралро ҳамчун рӯзи оғози Рамазон дар Тоҷикистон эълон карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД