arzon replenishment
Сиёҳпича қисми 2
1247
no-img

                              Вафодор

 Рӯзҳои аввали ба ин хонадон келин шуда омадани Парӣ ҳамсараш ба ӯ сагчаи хурдакаки сап-сафедеро тӯҳфа намуд. Парӣ бо хушнудӣ онро Барфак номид, Барфак шабу рӯз аз қафои арӯс овора буду Парӣ низ ба ин мавҷуди зебояк меҳри беандоза дошт. Барфак аз куҷое дар сари чоҳ пайдо шуду овози соҳибаи зебояшро, ки аз даруни чоҳ аранге ба гӯш мерасид, шунида ба фиғон даромад. 

Сагча гирди дари бастаи чоҳ мегашту нӯла мекашид, ӯро на ронданҳои Ширин аз сари чоҳ дур карду на “сари соҳибатро хӯрӣ” гуфтанҳои Гулмо. Ҳамин вақт шавҳари Гулмо аз куҷое пайдо шуда, аҳволро дида, зани додарашро аз даруни чоҳ баровард… Парӣ хуб медонист, ки ин корро кӣ кардааст, аммо лаб ба шикоят во накард, авсунҳои макорааш бошанд, “кадом кӯдаки аҳмақ дари чоҳро пӯшонидааст” гуфтанд, ҳол он ки зӯри ҳеҷ кӯдак ба бардоштани сарпӯши чӯбини чоҳ намерасид. Парӣ гумон мекард, ки ин хубияш ба авсунҳояш дарс мешавад, вале….

                             Заҳри ҳалоҳил

Аз ин воқеа соле сипарӣ гашту Парӣ духтараки зебое ба дунё овард, пас аз фарзанддор шудан меҳри шавҳар зиёдтар шуд. Боре Гулмо бо шавҳараш ҷанг карда, бо ашки шашқатор гуфт, ки “додарат занашро болои сар мебардорад, ту бошӣ доим маро ҳақорат медиҳӣ”.

Баҳром сари қаҳр ҷавоб дод, ки агар ту ба нохуни Парӣ меарзидӣ, мисли ӯ зебою ҳунарманду порсо мешудӣ, ман низ туро болои сар мебардоштам!” Ана ин гап тири сӯзоне буд ба ҷигари Гулмо ва ӯ ба Ширин рози дил кушод, дили авсунаш низ озор доштааст, зеро шавҳари ӯ низ ҳамеша Париро барояш мисол меовардааст.

Авсунҳо маслиҳат карда, ба деҳаи ҳамсоя ба назди кампири Марҷон рафта, аз ӯ хоҳиш карданд, ки барояшон заҳре тайёр карда диҳад, то гурбаи маскадуздро, ки ба ширу қаймоқашон қирон овардааст кушанд. Кампир бо гиёҳҳои заҳрогин ин гуна заҳрро тайёр карда, ба авсунҳо бар ивази чанд танга фурӯхт ва таъкид кард, ки ба он дасти кӯдакон нарасад.

Авсунҳо рӯзи дигар онро ба косаи гардоби Парӣ рехта, ба ӯ хӯронданд. Парӣ пас аз хӯрдани ду-се қошуқ дар ботинаш сӯзиш эҳсос кард, вале бехабар аз макри авсунҳои қотилаш чашми онҳоро хато карда, онро ба косаи Барфак рехт.

Пас аз чанде Париро вараҷа гирифт, ӯ хун қай мекард то бегоҳ хун дар рӯяш намонд, лабонашро ба зӯр меҷунбонд, Сангаки Хабир бо бародаронаш расида омад ва вазъияти духтарашро дида, фаҳмид, ки ӯро заҳролуд кардаанд. Он солҳо нав ҳукумати шӯравӣ дар кӯҳистон барқарор шуда буду духтурҳои касбӣ набуданд, вале табиби қишлоқ низ фаҳмида буд, ки Париро заҳролуд кардаанд.

                             Сиёҳпича

Падари Парӣ гирду атрофи хонаи духтарашро асабиёна тай зада, аз табиб хоҳиш мекард то ҷони Парияшро раҳонад, ҳамин вақт чашми касе ба Барфаки дар назди ялоқи хӯрокхӯрияш хобида афтид. Гардсӯзи нимхӯрда ва мурдаи Барфак исботи заҳролуд шудани Парӣ буданд. Мардум аз дидани ин манзара ба ваҳшат афтоданд, хусуру хушдоман теғи нигоҳашонро аз болои ду келини калон, ки ҳоло худро ғамдор нишон дода мегиристанд, намегирифтанд. Аммо дер шуда буд. Дигар ҳоҷати таҳлилу тафтиш набуд, падар фаҳмид, ки духтари нозанинашро заҳр додаанд, аммо кӣ ва барои чӣ? Сангаки Хабир аз навдаҳои бед чапараке сохта, бистари духтарашро болои он партофта, рӯи ароба гузошту ба деҳааш баргашт. Духтараки гирёнашро бошад, ба баѓали Камоли ҳайрон партофта гуфт:- Очаша куштед, инро ҳам кушед! Парӣ бо ҳасрат ба хонаву дар ва духтараки гирёнаш нигариста, чашмонашро пӯшид. Сангаки Хабир Парияшро, ки заҳри ҳалоҳил дилу ҷигарашро резонида буд, ба хонааш даровард. Аз кунҷи лаби арӯсак хун мешорид, модару хоҳаронаш бо дидани ҷони дар рамақи Парӣ фиѓон бардоштанд…

Аз марги Парӣ деҳа мотамкада гашт, яке менолид, ки Худованд ба одам ҳусн не, бахт диҳад, дигаре қотилони Парии зеборо нафрин мекард. Раъною Зебо зор-зор мегиристанд, нолаҳои модар синаи кӯҳро мешикофт, вале Париро бо ин ҳама аз хоби ноз бедор карда намешуд. Парии соҳибҷамоли беозорро рашку ҳасаду бахилӣ ба хоки тира бурд…

                        Аз муаллиф:

Хонандаи азиз, ин қисса ҳақиқати соф асту дар солҳои сиюми асри пор дар кӯҳистони Вахё рӯй додааст. Парӣ, номи ҳақиқии қаҳрамон аст, ки духтарамаки падари ман аст. Ин қисаи ғамангезро аз забони аммаҳоям, ки бо дард ёди духтарамаки хеш мекарданд шунидаам. Апаи Парӣ Раъно, ки аммаи Раънояш мегуфтем, дар ҳамсоягии мо мезист ва ҳамеша бо ёди хоҳараш чашмони пуроб дошт. Духтари Парӣ зинда аст ва фарзандону набераҳои зиёде дорад, аз рӯи шунидам, яке аз набераҳояш номи модарашро дорад, Парӣ! Худованд ӯро хушбахт кунад ва аз тақдири модарбузургаш дар паноҳаш нигаҳ дорад! Тақдири қотилони Парӣ қиссаи дигар аст, ки шояд ягон рӯз рӯи коғаз биёяд…     

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД