35 years of independency
Синни нафақа дар Тоҷикистон боло меравад?
21.10.2026
Оила
85

Синни нафақа дар Тоҷикистон боло меравад?

Мутахассисони як бонки байналмилалӣ пешниҳод кардаанд, ки синни нафақа дар Тоҷикистон боло бурда шавад. Аз ҷумла, пешниҳод мешавад, ки синни нафақаи занон то 63-солагӣ расонда ё барои ҳарду ҷинс тадриҷан то 65-солагӣ зиёд карда шавад.

Айни замон, дар Тоҷикистон занон аз синни 58 ва мардон аз синни 63 ба нафақа мебароянд.

Ба гуфтаи коршиносон, боло бурдани синни нафақа метавонад ба таҳкими устувории молиявии низоми нафақа мусоидат кунад. Зеро, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, танҳо тақрибан сеяки аҳолии қобили меҳнат ба низоми нафақа саҳм мегузоранд.

Бо вуҷуди ин, пешниҳоди мазкур ҳанӯз қарори расмии Ҳукумати Тоҷикистон нест. То ҳол дар бораи қабули чунин тағйирот иттилои расмӣ пешниҳод нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД