goodwell
Ситораи синамои Туркия аз Ӯзбекистон зан гирифт
27.05.2026
Oila.tj
76

Актёри машҳури синамои Туркия Эмир Килилҷим аз кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон зан гирифтааст. Тӯйи арӯсии ин ду ҷавони хушбахт дар шаҳри Тошкент баргузор гашта, навори ҷашни бошукӯҳи издивоҷи ситораҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад.

Эмир Килилҷим бо ҳунарманди ӯзбек Юлдуз Раҷабова издивоҷ намуда, маросими ақди никоҳи онҳо дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон бо иштироки чеҳраҳои намоёни олами синамо ва фарҳангу ҳунар баргузор гаштааст.

Эмир Килилҷим 2-юми сентябри соли 1990 дар минтақаи Малатияи Туркия таваллуд шуда, соли 2002 ҳамроҳи хонаводааш ба Истанбул кӯчидааст. Хатмкардаи факултаи муҳандисии кимиёи Донишгоҳи Истанбул мебошад, вале шавқи ҳунар баъдан ӯро ба Маркази фарҳангии Садрӣ Алишик мебарад ва дар ҳамин ҷо нозукиҳои ҳунари актёриро омӯхта, ба олами синамо роҳ ёфтааст. Эмир дар чандин филмҳои туркӣ нақш бозида бошад ҳам, бештари мухлисон ӯро ҳамчун Ҷалолиддин аз сериали "Ман Ҷалолиддин ҳастам" мешиносанд.

Юлдуз Раҷабова 23-юми декабри соли 1989 дар Ӯзбекистон ба дунё омада, бо офаридани нақшҳои ҷаззоб дар намоишномаю филмҳои таърихию драмавӣ ба дили ошиқони театр ва кино роҳ ёфтааст. Силсилафилми «Ду ҳазор суруди Фарида” ва нақши Элчим-хотун аз сериали “Таъсиси империяи Усмонӣ” дар ҳаёти ин бонуи ҳунарманд нақши махсус дошта, бештари мухлисон маҳз тавассути ҳамин филмҳо Юлдуз Раҷабоваро мешиносанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД