Arzon march 2024
Ситораи синамои турк“шезофреник” аст?
650


Шоми якшанбе яке аз чеҳраҳои шинохтаи синамои Туркия Арда Куралро кормандони пулис барои занозанӣ ва ҷангу ҷанҷол дастгир намуда, ба дастонаш завлона заданд. Актёри машҳур ба соҳили баҳр дамгирӣ рафта, бо сабабҳои номаълум бо Аҳмад ном маъмури пляж даст ба гиребон шудааст.

Ин ситораи синамо дар лату кӯбӣ Аҳмад гунаҳкор бошад ҳам, кормандони пулис ӯро танҳо як шаб дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта, ҷавоб додаанд.

Актёр ҳақ надорад, ки муддати як моҳ аз дари хонаи худаш дарояд ё ба пайвандонаш наздик шавад.Гап дар сари он аст, ки пеш аз ҷанҷол дар соҳили баҳр Арда Курал дар хона бародари худашро лату кӯб намуда, ҳамзамон ба модараш таҳдид намудааст, ки агар бори дигар тарафи писарашро бигирад, ӯро зинда намемонад.

Пайвандонаш аз он дар ҳарос ҳастанд, ки Арда қасдгирӣ намуда, ба сари онҳо ягон фалокат наорад, зеро актёр бемории равонӣ дорад ва дар вақти хурӯҷи касалиаш чӣ кор карданашро худаш ҳам нафаҳмида мемонад.
Ҳанӯз чанд сол пеш табибон ба Арда Курал диагнози шезофрения гузошта буданд, вале ба бемории рӯҳӣ доштанаш нигоҳ накарда, ҷавон тавонист ба олами синамо роҳ ёбад ва актёри шинохта шавад. Дар сурати вайрон кардани қарордод дар бораи наздик нашудан ба пайвандонаш Арда Куралро маҷбуран ба девонахона мебаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД