arzon replenishment
Сӯхтори Ваҳдат чӣ талафот дошт?
466

Баъд аз ду рӯзи ҳодисаи сухтор, ки дар кӯчаи Эрҷигитови шаҳри Ваҳдат сӯхтор ба амал омад, мақомоти марбута зарари расидаро муайян карданд.  

Тавре ки Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, баъд аз сар задани сӯхтор ба маҳалли ҳодиса кормандони Хадамоти оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, диданд, ки дар масоҳати тақрибан 450 метри мураббаъ болопӯши бинои истиқоматӣ (монсард)-ро оташи кушод ва дуди ғализ фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар қисматҳои бино ба миён омадааст. 

"Аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД роҳҳои паҳншавии оташ аз самтҳои гуногун оташ пешгирӣ карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ-оташнишонӣ ба онҳо муяссар гардид, ки сӯхторро дар соати 03:53-дақиқа дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомуш намоянд", - навишт ВКД.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи сӯхтор, хушбахтона, ягон кас зарари ҷисмонӣ надида, фавти одамон низ ба қайд гирифта нашудааст.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарар аз сӯхтор ба 86 000 сомонӣ баробар аст.

Сӯхтор рӯзи 16-уми апрели соли 2023, соати 00:49 дақиқа, дар ошёнаҳои 6-уми бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Эрҷигитови шаҳри Ваҳдат ба амал омад 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД