toyota motors
Сояи раис ё “лесак”
214

Ин тоифаро дар ҳар коргоҳу идора чашму гӯши раис ё буз мегӯянд. Инҳо на бо донишу ҳунар, балки бо забонхаридану хабаркашӣ мехоҳанд ҷойи худро мустаҳкам кунанд.

​Дар як идораи калон марде бо номи Ҳалим кор мекард. Ҳалим на мутахассиси зӯр буд ва на касе ӯро барои кораш ҳурмат мекард, вале ӯ як ҳунар дошт: ҳамеша дар назди дари раис камин мегирифт. Ҳамин ки ҳамкоронаш дар вақти чойхӯрӣ аз сахтии кор шикоят мекарданд ё шӯхиомез дар бораи камбудиҳои идора гап мезаданд, Ҳалим мисли соя ба кабинети раис медаромад.

​Ӯ бо чеҳраи дилсӯзона ба раис мегуфт:

- Ҷаноби сардор, ман намехоҳам гап кашонам, вале фалонӣ гуфт, ки шумо корро намефаҳмед ва фалонии дигар гуфт, ки шумо се зан доред.

Раис, ки одами шубҳагир буд, ба гапҳои Ҳалим бовар мекард ва ӯро одами боэътимоди худ меҳисобид.

​Ба сабаби хабаркашиҳои Ҳалим чандин ҷавонони боистеъдодро аз кор пеш карданд ва баъзеҳоро аз маош маҳрум сохтанд. Ҳалим бошад, хурсанд буд, ки раис ба ӯ мукофотпулӣ медиҳад ва дар маҷлисҳо ӯро таъриф мекунад. Дигар ҳеҷ кас дар ҳузури ӯ ҷуръати гап задан намекард. Ҳама медонистанд, ки ӯ думравак аст.

​Рӯзе раиси идора иваз шуд. Раиси нав одами боақл ва кордон буд. Ҳалим мувофиқи одати пешинааш рӯзи аввал ба кабинети ӯ даромад ва шуруъ кард:

- Раис, ман мехоҳам гӯям, ки дар ин ҷо кӣ бо шумост ва кӣ зидди шумо.

​Раиси нав сухани ӯро бурид ва гуфт:

- Ҳалимҷон, ба ман дар бораи одамон гап назан, ба ман нишон деҳ, ки худат дар ин панҷ сол чӣ кор кардӣ? Кадом лоиҳаро тамом кардӣ?

Ҳалим дасту по хӯрд, чунки ғайр аз хабаркашӣ ҳеҷ кореро намедонист.

​Раис давом дод:

- Касе, ки имрӯз дар бораи дигарон ба ман хабар меорад, фардо дар бораи ман ба дигарон хабар мебарад. Ба идораи мо мутахассис лозим аст, на буз. Ҳамин ҳоло аризаатро навис ва рав.

​Ҳалим шармандавор аз кор рафт. Дигар на раис ӯро қабул мекард ва на он ҷӯраҳое, ки солҳо ба онҳо хиёнат карда буд. Ӯ дар танҳоӣ монд ва фаҳмид, ки ​нон аз ҳисоби фурӯхтани дигарон ҳеҷ гоҳ баракат намеорад.

​Эътибори раис муваққатӣ аст, вале нафрати ҳамкорон абадӣ мемонад.

Мард бояд бо ҳунараш нон хӯрад, на бо забонаш.

​Ин фоҷиаи касонест, ки фикр мекунанд бо хабаркашӣ ба қулла мерасанд, вале намедонанд, ки қуллаи онҳо танҳо як ахлоттӯдаи маънавист.

​Ба фикри шумо, чаро баъзе раисон ин хел одамонро дар назди худ нигоҳ медоранд, дар ҳоле ки медонанд онҳо дурӯяанд?

Раисе, ки ба ҳунари роҳбарии худ бовар надорад, ҳамеша метарсад, ки дар пушташ кормандон зидди ӯ нақша мекашанд ё хатоҳояшро муҳокима мекунанд. Бузҳо барои чунин раис нақши радарро мебозанд. Раис фикр мекунад, ки агар аз ҳама гап бохабар бошад, вазъиятро зери назорат дорад.

​Баъзе роҳбарон дидаю дониста дар байни кормандон нифоқ меандозанд. Вақте кормандон бо ҳам дӯст нестанд ва аз якдигар шубҳа доранд, онҳо наметавонанд муттаҳид шуда, зидди раис ё зидди камбудиҳои корхона садо бароранд. Хабаркаш беҳтарин восита барои вайрон кардани дӯстии коллектив аст.

​Одатан бузҳо на танҳо хабар мебаранд, балки бо як маҳорати баланд раисро таърифу тавсиф мекунанд. Раисони худхоҳ ба ин афюни хушомадгӯӣ муҳтоҷанд. Онҳо касеро, ки ҳақиқати талхро мегӯяд, дӯст намедоранд, вале касеро, ки хабари душманонро меорад ва дар охир мегӯяд, ки шумо беҳтарин ҳастед, дар канори худ нигоҳ медоранд.

​Раис гоҳе хабаркашро барои фишор овардан ба кормандони нолозим истифода мебарад. Масалан, агар хоҳад касеро аз кор пеш кунад, ба хабаркаш супориш медиҳад, ки айб ёбад.

Раиси солимақл ва касбӣ ҳеҷ гоҳ ба хабаркаш ниёз надорад, чунки ӯ натиҷаи корро дар нақшаҳо ва фоидаи ширкат мебинад, на дар ғайбати сари чой. Роҳбаре, ки буз мепарварад, дар асл идораи худро ба ботлоқи бадбинӣ ва ақибмондагӣ мебарад. Дар коллективе, ки буз ҳаст, зиндагӣ ва кор мисли роҳ рафтан дар болои шишаи майдашуда аст. Ҳар лаҳза интизорӣ, ки касе аз пушт корд мезанад.

​Вақте корманд медонад, ки ҳар як гапашро ба раис мерасонанд, ӯ дигар кӯшиш намекунад, ки чизи нав пешниҳод кунад ё камбудиро гӯяд. Ӯ танҳо робот мешавад. Хап мешинад, то зери тири хабаркаш наафтад. Дар натиҷа, кор пеш намеравад.

Дар чунин ҷойҳо ҳама ба якдигар табассум мекунанд, вале дар дил нафрат доранд. Ин гуна муҳит одамро аз дарун мехӯрад. Шумо бештар аз он ки дар бораи кор фикр кунед, дар бораи он фикр мекунед, ки киро чӣ гуфтам ва кӣ рафта расонд.

​Ин ҷолиб аст: вақте раис дигар ба хабаркаш ниёз надорад ё худи раисро иваз мекунанд, аввалин касе, ки бо лагад аз дар берун мекунанд, ҳамон буз аст. Чунки ҳеҷ кас, ҳатто худи раис, ба хоин эътимод надорад. Ӯро танҳо ҳамчун як дастпӯшаки яккарата истифода мебаранд ва мепартоянд.

​Агар дар чунин ҷой кор кунӣ, беҳтарин роҳ - кам гӯй. Бо ҳамкорон фақат дар бораи кор гап зан, асрори шахсиатро нагӯ ва ҳеҷ гоҳ дар ҳузури касе раисро танқид накун. Бигзор хабаркаш аз гуруснагии хабар бимирад.

Коллективе, ки дар он ҷосус ҳаст, оянда надорад. Одамони баномус аз он ҷо мегурезанд ва танҳо лаганбардорҳо мемонанд. Оқибати чунин идора касод шудан ва шармандагӣ аст.

​Хабаркаш мисли зангзании оҳан аст - аз дарун идораро мехӯрад ва вайрон мекунад, то он даме ки ҳама чиз фурӯ равад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД