goodwell
Суҳбат бо ҳаҷвнигори ӯзбек Валиҷон Шамсиев
73

Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон солҳои охир беш аз пеш густариш меёбанд. Ҳунармандони ду кишвар барномаҳои муштарак баргузор мекунанд ва бо эҷодиёти худ дар таҳкими дӯстии ду халқи ҳамсоя саҳм мегузоранд. Дар ин замина бо ҳаҷвнигори маъруфи Ӯзбекистон Валиҷон Шамсиев суҳбат оростем.

- Дуруд ба Шумо! Ба шаҳри бостонии Истаравшан, ки яке аз марказҳои фарҳангу тамаддун, санъат ва ҳунару ҳунармандии Тоҷикистон аст, хуш омадед. Аз Тоҷикистони азиз, аз ин кишвари таърихиву меҳмоннавоз чӣ таассурот бардоштед?

- Ба Шумо ва кулли мардуми сарбаланди ба мо дӯст - Тоҷикистони азиз салому дуруд мегӯям. Қаблан низ борҳо ба Тоҷикистон ба шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд омада будам. Аммо бори аввал аст, ки ба шаҳри бостонии Истаравшан меоям. Ростӣ, Истаравшан, ки мо онро ҳамчун Ӯротеппа мешиносем шаҳри бисёр зебо буда, бо мавзеъҳои таърихиву биноҳои зебояш касро мафтун месозад. Аз дидани ёдгориҳои таърихӣ, марказҳои фарҳангӣ ва фазои ободу зебои шаҳр таассуроти хеле хуб гирифтам. Умуман, Тоҷикистон кишвари бисёр зебо ва мардумаш воқеан меҳмоннавоз аст. Ҳар боре ки ба ин сарзамин меоям, мебинам, ки боз ҳам ободу зебо шудааст. Биноҳои баландошёна, марказҳои нави фарҳангӣ, боғҳои зебову замонавӣ, роҳҳои васеъ ва иншооти нав пайваста бунёд мегарданд. Ҳамаи ин далели равшани он аст, ки рушди Тоҷикистон бо суръати баланд идома дорад ва корҳои созандагиву ободонӣ дар авҷи худ қарор доранд.

Аз меҳмоннавозии самимии мардуми Тоҷикистон самимона сипосгузорам. Ҳар ҷое, ки меравем моро хуш қабул мекунанд. Лутф, меҳрубонӣ, эҳтиром ва қабули гарму самимии мардум ба ман  таассуроти фаромӯшнашаванда гузошт. Орзумандам, ки дӯстиву ҳамкориҳои мо дар ҳама соҳа боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

- Халқҳои тоҷик ва ӯзбекро риштаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва хешутаборӣ ба ҳам зич мепайванданд. Ба назари Шумо, санъат дар таҳкими ин дӯстӣ чӣ нақш дорад?

- Ҳамаи он арзишҳое, ки номбар кардед дар санъат таҷассум меёбанд. Санъат худ натиҷаи меҳнати самимӣ, истеъдод ва муҳаббати инсон аст. Маҳз тавассути санъат метавон дӯстиро таҳким бахшид ва дилҳоро ба ҳам наздик сохт. Дар ин радиф хусусан ҳаҷв ҷойгоҳи махсус дорад. Ханда мардумро ба ҳам меорад, фазои самимиятро афзун месозад ва миёни халқҳо эҳсоси наздикӣ ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, мо бояд муносибатҳои эҷодӣ ва ҳамкориҳои худро бо ҳаҷвнигорони Тоҷикистон боз ҳам густариш диҳем, мулоқоту барномаҳои муштарак бештар баргузор намоем ва аз таҷрибаи ҳамдигар баҳра бардорем. Бовар дорам, ки ҳар қадар робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои касбии мо мустаҳкамтар шаванд, ҳамон андоза дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек низ пойдортар хоҳад гардид. Сафарҳои ҳунарии мо ба Тоҷикистон низ маҳз барои васеъ кардани ҳамкориҳои ҳаҷвнигорони тоҷику ӯзбек аст.

- Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи хеле баланд рушд ёфта истодаанд. Аз нигоҳи Шумо, намояндагони фарҳанг ва санъат барои боз ҳам таҳким бахшидани ин дӯстӣ чӣ гуна саҳм гузошта метавонанд?

- Барои мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳбарони оқилу дурандеши ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, заминаи устувор гузоштаанд. Намояндагони фарҳанг ва санъат низ бо эҷоди асарҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва муаррифии мероси муштараки таърихиву адабӣ дар таҳкими ин дӯстӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Намунаи равшани чунин ҳамкорӣ офаридани филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» мебошад, ки дӯстии ду шоири бузург ва наздикии фарҳангии ду миллатро инъикос мекунад. Ҳамзамон, баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯст дар барномаҳои "Шоми дӯстӣ" аз густариши робитаҳои фарҳангӣ дарак медиҳанд.

- Ҳоҷибой Тоҷибоев аз маъруфтарин устодони ҳаҷв буд, ки дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми арзанда гузоштааст. Ба назари Шумо, имрӯз кадом ҳаҷвнигорон роҳи ӯро идома дода, дар таҳкими дӯстии ду халқ нақши муассир доранд?

- Ҳоҷибой Тоҷибоев яке аз бузургтарин устодони санъати ҳаҷв буд. Ӯ таҳсилкардаи Институти давлатии санъати Тошканд буда, солҳои зиёд дар театрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият кардааст. Бо истеъдоди нотакрор ва ҳунари баландаш ба ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ барномаҳои ҳаҷвӣ пешниҳод мекард ва маҳз ҳамин хусусият боис шуд, ки миёни мардумони ҳар ду кишвар маҳбубияти хос пайдо намояд.

Хизматҳои Ҳоҷибой Тоҷибоев дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои тоҷику ӯзбек хеле арзишманданд. Ҳаҷви ӯ ҳамеша аз лутфу заковат, ахлоқи нек ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ саршор буд. Ӯ бо сухани ширин ва ҳунари волои худ мардумро на танҳо механдонд, балки ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат даъват мекард. Ба нишони эҳтиром ва қадрдонӣ аз хизматҳои ӯ дар шаҳри Тошканд низ муҷассамаи рамзии Ҳоҷибой Тоҷибоев гузошта шудааст.

Имрӯз низ мо бояд роҳи ин устоди бузургро идома диҳем. Ҳарчанд расидан ба мақоми Ҳоҷибой Тоҷибоев кори осон нест.

- Санъати кадом ҳунармандони тоҷикро бештар меписандед?

- Воқеан Тоҷикистон бениҳоят санъаткорону ҳунармандони маъруф дорад. Албатта, санъати Ҳошим Гадо, Қурбон Собир, Майрам Исоева, Сайрам Исоева, Нурулло Абдуллоев, Убайдулло Раҷабов, Фатҳулло Абдуллоев, Муқимҷон Абдуфаттоев ва дигар санъаткорони тоҷикро дӯст медорам.

- Дар фарҷоми суҳбат чӣ гуфтанӣ доред?

- Бигзор кишварҳои мо ҳамеша тинҷу обод бошанд ва дӯстии ду халқи бародар то абад пойдору мустаҳкам бимонад. Ҳамеша шодишарики якдигар бошем.

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД