Oila 5 years
"Сумая" ба ятимон либос туҳфа мекунад
401

Коргоҳи дӯзандагии "Сумая" дар ноҳияи Лахш иқдом гирифтааст, ки барои оилаҳои ниёзманду ятим либоси мактабиро ройгон тақдим кунад.

Дар сӯҳбат ба Oila.tj муовини директори корхона Фариддун Салимов иброз намуданд, ки коргоҳи мазкур соли 2017 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мирзоев Фирдавс сохта, ба истифода дода шуд. Он бо 61 муассисаи таълимӣ ҳамкории зич дорад.

Дар корхона занони хонашин ва ҳунарманди ноҳия ба кор ҷалб шуда, маошашон аз 3000 то 7000 сомонӣ буд. Дар коргоҳ асосан дӯхти либосҳои мактабӣ барои хонандагон ба роҳ монда шудааст.

Ба ғайр аз либосҳои мактабӣ, вабаста ба дархости мизоҷон куртаҳо дӯхта мешаванд. Арзиши як либоси мактабии бачагона аз 240 то 290 сомонӣ ва либоси духтарона аз 140 то 280 сомониро ташкил мекунад.

Роҳбари коргоҳ тасмим гирифтааст, ки барои ятимони кул ва оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабииро ройгон таъмин намоянд. Коргоҳи дӯзандагӣ дар соли хониши нав зиёда аз 7000 либоси мактабӣ дӯхтааст.

Коргоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия шартнома баста, аллакай 50 фоизи либосҳои мактабиро таъмин намуда, то соли таҳсил пурра хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Лахш бо либос таъмин карда мешаванд.

Аз идора: Матлаби мазкур дар доираи сафари Корвони иттилоотӣ ба минтақаи Рашт, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сурат гирифт, омода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД