Commerc banl
Суперкари чинӣ ба Китоби Гиннес ворид шуд
28.02.2026
Oila.tj
36

Суперкари барқии чинӣ GAC Hyptec SSR бо сабти дрифти босуръат ба Guinness World Records роҳ ёфт. Тавре нашрияи Tengri Auto хабар медиҳад, мошин дар суръати 213 километр дар як соат ба лағжиш (дрифт) гузаштааст.

Рекорд дар майдони озмоишии Вазорати нақлиёти Пекин таҳти назорати намояндагони расмии Гиннес сабт гардид. Барои эътирофи натиҷа мошин бояд кунҷи лағжишро на камтар аз 30 дараҷа нигоҳ дошта, дар ҳамин ҳолат зиёда аз 50 метр ҳаракат мекард. HYPTEC SSR ин талаботро бо боварӣ иҷро карда, рекорди пешинро - 207,97 км/соат, ки аз ҷониби Zeekr 001 сабт шуда буд, қариб 6 км/соат беҳтар намуд.

GAC Hyptec SSR аввалин суперкари барқии истеҳсоли силсилавии Чин ба ҳисоб меравад. Он бо се муҳаррики барқӣ ва гардонандаи пурра муҷаҳҳаз буда, иқтидори умумии он тақрибан 900 кВт (1225 қувваи асп) ва моменти чархишаш 1230 Н·м мебошад. Анбораи 74,69 кВт·соат масофаи то 506 километрро таъмин мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД