Мухлисону ҳаводорон Сурайё Рабиеваро тавассути қиссаҳои ҷолибаш хуб мешиносанд. Ӯ аз зумраи он қиссанигоронест, ки аксари навиштаҳояш ҳақиқӣ буда, аз ҳаёти одамони одӣ гирифта шудаанд ва печутоби зиндагиро бозгӯ менамоянд. Муносибатҳои оилавӣ, моҷарои зану шавҳар, янгаву хоҳаршӯй ва келину хушдоман мавзӯи асосии қиссаҳои ӯст. Муносибати худи Сурайё бо шавҳар, келин ва дигар аъзои оилааш чӣ гуна аст? Барои фаҳмидани сирру асрори ҳаёти шахсии ин зани қиссанигор мо бо Сурайё Рабиева суҳбати ҷолибе доштем ва фишурдаи муҳовараро пешкаши хонандагони азиз месозем.
Ҷанг орзуҳои маро кушт, вале...
- Аксарияти хонандагон шуморо тавассути қиссаҳои пандомӯзатон хуб мешиносанд. Шавқи қиссанависӣ дар дилатон аз кай пайдо шуд?
- Ман аз хурдӣ ба хондани адабиёти бадеӣ ва қиссаву мақолаҳо шавқу завқи зиёд доштам. Мехостам пас аз хатми мактаби миёна таҳсиламро дар донишгоҳ идома дода, журналист шавам, вале соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд ва волидонам маро ҳамон сол ба шавҳар доданд. Аммо шавқи навиштан дар дилами боқӣ монда буд ва баъди ба воя расидани фарзандонам ҳамкориро бо газетаи "Оила" шуруъ кардам. Зиёда аз 10 сол бо ин газета ҳамкорӣ намуда, аз зиндагии одамони шинос қиссаҳои воқеъӣ менавиштам, вале айни ҳол бо соҳибкорӣ машғулам ва бо сабаби ташвишҳои зиндагӣ барои қиссанависӣ вақт надорам.
- Касе аз пайвандонатон бо қалам сарукор дошт? Волидонатон чикора ҳастанд?
- Волидонам мутаассифона дар қайди ҳаёт нестанд. Падарам дар гузашта соҳибкор буданд ва ман касби он касро давом дода истодаам.
- Шудааст, ки аз руи ягон қиссаи навиштаатон касе бо шумо муноқиша ё ҷангу ҷанҷол карда бошанд?
- Не, ҳеҷ гоҳ аз руи қиссаҳоям ягон кас шикоят накардааст ва баҳсу муноқиша ҳам нашудааст, баръакс хонандагон ба мағоза, ба назди ман омада, ба қиссаҳоям баҳои баланд медоданд. Мепурсиданд, ки фалон қисса бо чи анчом меёбад...
Бе ишқ оиладор шуда, хушбахти ҷаҳон гаштам
- Меҳвари навиштаҳои Шуморо ишқу муҳаббат ташкил медиҳад. Худатон дӯст дошта оиладор шудаед ё волидонатон интихоб карданд?
- Замоне, ки ман оиладор шудам, ватани азизамон-Тоҷикистон дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум танҳо дар фикри наҷоти ҷони худ буданд. Касеро он замон андешаи ишқу муҳаббат набуд ва ману шавҳар низ бо розигии волидонамон оиладор шудаем. Ҳарчанд ҳамдигарро намешинохта бошем ҳам, хислатҳоямон бо ҳам созгор омаданд ва шукри худо солиёни зиёдест, ки зиндагии хушбахтона ба сар мебарем.
- Шавҳаратон ба навиштаҳои Шумо чи гуна баҳо медиҳанд?
- Он кас ҳар як шумораи газетаро бесаброна мунтазир мешуданд. Киссаҳои маро бо шавқ хонда, баҳои баланд медоданд.
- Чанд фарзанд доред?
- Шукри Худо соҳиби чор фарзанд ҳастам. Ду духтару ду писар ва ҳашт набераи дӯстрӯяк дорам.
Хушдоман бояд намунаи ибрат бошад
- Моҷарои келину хушдоман мавзӯи маркази қиссаҳои нашрияҳо гаштааст. Шумо ҳамчун шахсе, ки як умр қиссаи рӯзгори дигаронро навиштааст, сабаби носозгории арӯсону хушдоманҳо ва зӯроварӣ дар оиларо дар чи мебинед?
- Моҷарои келинҳо бештар аз хушдоман ва сардори оила вобаста аст, чунки арӯс аз хушдоман зиндагидориро меомӯзад. Агар дар оила якдигарфаҳмӣ, иззату ҳурмат байни ҳамдигар бошад, баҳсу мунозира сар намезанад. Хушдоманҳо бояд модарвор роҳи дурусти зиндагиро ба келинҳо нишон дода, хато ва камбудиҳои ҷавононро ба нармӣ ба онҳо фаҳмонанд. Шахсан худи ман хеле ҷавон ба шавҳар баромадам. Вақте ки келин шуда ба хонаи хушдоманам рафтам, аз ӯҳдаи бисёр корҳо намебаромадам. Нон пухта наметавонистам, таомҳои миллиро хуб пухта наметавонистам, аммо хушдоманам зани ҳалиму меҳрубон буданд ва кору бори зиндагиро ба ман ёд доданд. омузонд. Ҳарчанд, ки модаршӯям дар қайди ҳаёт нестанд,вале то имрӯз ман аз он кас аз замин то осмон миннатдорам. Ҷояшон ҷаннат бошад!
Ҳамеша тарафи келинамро мегирам
- Муносибати худи Шумо бо келинатон чи гуна аст? Рафтори келин бароятон писанд наояд, чикор мекунед?
- Ман айни хол соҳиби як келин ҳастам ва Худо хоҳад ба наздикӣ писари хурдиамро хонадор мекунам. Келинам хеле духтари ботарбия ва оромтабиат аст. Боре ҳам надидаам, ки ки писару келинам бо якдигар ҷангу даъво карда бошанд. Рафту писарам ба келинам сахт гап занад, тарафи келинро мегирам, охир тарбияи фарзандон, кору бори хона, тамоми масъулият бар дӯши арӯси хонадонамон аст, чи хел ӯро сарзаниш мекунӣ?! Онҳо ҷавонанд, мӯҳтоҷи панду насиҳати мо, калонсолон мебошанд. Келинро сарзаниш не, балки ба мисли духтари худ тарбият кардан лозим аст.
- Барои пойдории оила чи бояд кард?
- Барои пойдории оида якдигарфаҳмӣ ва иззату хурмати ҳамдигар муҳим аст.
Бо Нозия, Муҳаммадрафӣ ва Талабшоҳ дӯст ҳастем
- Мегӯянд, ки Шумо бо Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматулло робитаи дӯстона доред...?
-Бале, рост аст. Ман то ба шавҳар баромадани Нозияҷон чанд бор дар хонаи онҳо меҳмон шуда будам. Машҳур бошанд ҳам, бисёр инсонҳои хоксору меҳрубонанд. Баъди ба шавҳар баромадани Нозия бо додари азизам Муҳаммадрофеъ ҳамеша дар тамос ҳастам, аз ҳолу аҳвол, аз кору фаъолияташон пурсон мешавам. Ногуфта намонад, ки мо бо додари азизам Талабшо Муқимов низ солҳои зиёде дӯстӣ дорем. Ҳарчанд, ки Талабшо чанд сол боз дар Америка кору фаъолияташро давом дода истодааст, вале ҳамеша дар тамос ҳастем ва бо волидонаш низ рафтуомад дорем.
- Таманниёти Шумо ба хонандагон.
- Ба хонандагон пеш аз ҳама тансиҳативу хонаоободӣ таманно дорам, зеро тани сиҳату хотири шод беҳтарин неъмати дунёст.
Мусоҳиб: Ф. Сатторӣ