Игор Суров - мутахассиси 40-солаи рус сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Далер Каёсовро иваз кард.
Суров масъули омодасозии мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Қатар хоҳад буд. Мусобиқа аз 19-уми ноябр то 13-уми декабр баргузор мешавад. Ба ҳайати ситоди мураббиён Шамсиддин Қосимов, Ҷаъфар Ахмедов ва Элчибек Рашидбеков шомил шудаанд. Омодагии дарвозабонҳо бар дӯши Умед Чоршанбиев гузошта шудааст.
Игор Суров қаблан дар бошгоҳҳои «Сумида»-и Муғулистон, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Барс»-и Қирғизистон ва «Машъал»-и Ӯзбекистон фаъолият кардааст.