formula
Сурудҳои Зайнура Пӯлодова дар телевизион нест?
529

Салом ба кулли кормандон ва мухлисони сомонаи дӯстдоштаам – “Оила”. Ман мухлиси сарояндаи шинохта Зайнура Пӯлодова ҳастам. Бароям ҷолиб аст, ки чаро ин сарояндаи маҳбуб дар телевизион хеле кам баромад мекунад? Як вақт фаҳмидам сарояндагон минбаъд вақти эфирро бо пул мехаранд, шояд аз ҳамин сабаб бошад?

Меҳрона, н. Тоҷикобод

Салом. Ташаккури зиёд, ки матолиби моро мехонеду барои дарёфти посух ба суолатон бароямон нома навиштед. Тибқи хоҳиши шумо бо Зайнура ҳамсӯҳбат шудем. Овозхон ба суоли шумо чунин ҷавоб дод:

Ман дар эфири телевизиони “Сафина” ҳастам ва дар як рекламаашон ҳам сурудам садо медиҳад. Яъне, аз телевизион дур нашудаам. Ва ҳам дар мавриди харидани вақти эфир бояд гӯям, ки ҳеҷ гоҳ розӣ нестам барои бозпахши сурудҳоям дар эфир пул сарф кунам, чунки ман истеъдод дорам ва ҳеҷ гоҳ фалш насароидаам. Дар гузашта боре ин корро накардам ва дар оянда ҳам карданӣ нестам. Чунин пешниҳод ҳам нагирифтаам. Сад шукр ҳунар дорам ва бо он фахр мекунам”, - гуфт ин сарояндаи маҳбуб.

Дар мавриди таронаҳои наваш овозхон қайд кард, ки ҳоло пайи тавлиди чанд суруд аст ва ба наздикӣ онҳоро тақдими ҳаводоронаш мекунад. Вақте дар мавриди консерт пурсидем, “агар ягон сарпарасти хуб пайдо шуд, ҳатман консерти худро баргузор мекунам” гуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД