sebiston july new
СУТ: Рӯзҳои наздик озмоиши ваксинаи коронавирус оғоз меёбад
2564

 

Масъуди Сулаймонӣ, донишманди эронӣ ва устоди Донишгоҳи тарбияти мударрис дар як суҳбати худ эълон кардааст, ки доруи зидди коронавирусро бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ сохта шудааст.

Ӯ гуфт, ки баъди озмоиши кӯтоҳмуддат аксари табибони эронӣ розигӣ доданд, то ин дору барои табобати гирифторони каронавирус истифода шавад.

Инчунин, ӯ гуфт, ки доруи зиддивирусӣ барои бемороне, ки дар марҳилаи аввали сироятёбӣ қарор доранд, тезтар шифо мебахшад. “Ин дору дар давоми 3 то 6 рӯз, баъд аз ворид кардан ба ҷисми нафари сироятёфта, ба ӯ шифо хоҳад дод”,-гуфт доктор Сулаймонӣ.


КОРОНАВИРУС аз нигоҳи домуллои тоҷик (ВИДЕО)


 Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, доктор Тедрос Гебрейюс дар брифинги дирӯза гуфт, ки то имрӯз зиёда аз 100 ҳазор нафар мубталоёни вируси COVID-19 пурра шифо ёфтаанд. Вай инчунин гуфт, ки дар рӯзҳои наздик санҷиши доруҳои зиддивирусӣ дар одамон шурӯъ хоҳанд шуд. Аммо коронавирус таҳдиди худро ба сокинони сайёра идома хоҳад дод. Шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон аз ним миллион нафар зиёд шуд аллакай”, - гуфт роҳбари СУТ. 

Габрейюс дар робита ба ҳолати омодабошии кишварҳо гуфт, ки шоми дирӯз дар мулоқоти онлайнӣ бо вазирони тандурустии 50 кишвар вазифаҳои асосии онҳо муайян карда шуданд. Инчунин, мавзӯъҳои марбут ба зарурати зудтар ошкор кардани гирифторони вирус ва ҷудокунии одамон аз шахсони дар ташхис тасдиқшуда, пайгирӣ ва муайян кардани шахсоне, ки бо беморон дар тамос буданд ва ба карантин бурдани онҳо, баланд бардоштани самаранокии табобат дар ин суҳбати онлайнӣ баррасӣ шуданд. Ба гуфтаи роҳбари СУТ ба роҳ мондани робитаи доимӣ бо аҳолӣ, ки ба эътимод ба мақомот ва сафарбар кардани гуруҳҳои ихтиёрӣ дар мубориза бар зидди эпидемия, ниҳоят муҳим аст.

“Яке аз мушкилоти асосии ин шабу рӯз нарасидани таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ мебошад. СУТ аллакай 2 миллион маводи муҳофизатиро ба 74 кишвари эҳтиёҷманд фиристод ва омода аст, ки ба 60 кишвари дигар низ ниқобҳои муҳофизатӣ фиристад. Аммо ин ҳанӯз кофӣ нест”, - қайд кард роҳбари СУТ.

ОМОРИ РАСМИИ КИШВАРҲОИ ГИРИФТОРИ КОРОНАВИРУС ДАР ТАМОИМ ҶАҲОН

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД