arzon replenishment
Сюрпризи Шабнами Сурайё дар тӯйи арӯсии духтараш Шарифамоҳ
1996

Шабнами Сурайё, ситораи №1-и эстрадаи тоҷик, ки бо садои дилнишинаш натанҳо дар Ватан, балки дар хориҷи кишвар низ машҳур гаштааст, духтараш Шарифамоҳро бо обрӯ ба шавҳар дода, дар тӯйи арӯсии фарзандаш сюрпризи олиҷанобе кард.

Маликаи ҳунар Шабнами Сурайё чанд рӯз қабл суруди нави хешро бо номи “Ёр-ёр” пешкаши ҳаводорони санъати мусиқии тоҷик намуд. Ин сурудро дар давоми 5 рӯз зиёда аз 670 ҳазор нафар тамошо карда, ба сароянда садҳо аҳсант хондаанд.

Суруди мазкурро Шабнами Сурайё ҳамчун сюрприз барои тӯйи духтараш Шарифамоҳ, ки чанд ҳафта қабл дар Дубай баргузор гашта буд, омода кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Шабнами Сурайё 14-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модараш Сурайё Қосимова дар байни мардум чун примадоннаи саҳнаи тоҷик машҳур гашта, хоҳараш Фарзонаи Хуршед низ аз зумраи сарояндаҳои саршиноси тоҷик ба шумор меравад. Шабнам бори нахуст соли 2003 ба саҳна баромада, дар як муддати кӯтоҳ номаш вирди забони хурду калон гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД